Оқибат ҷоят ҳамин аст
Тоҷикистони азизамро сар то сари ҷаҳон беш аз 150 давлати дунё мешиносаду эътироф менамояд. Бо вуҷуди он, ки ба Истиқлолияти Тоҷикистон 30 сол шудааст, дар ин муддат ба комёбиҳои баланди илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гаштааст. Шукронаи соҳибистиқлолии давлатӣ, шукронаи ин обу ин хок, шукронаи ободии ин макон, ки имрӯз давлати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг, ки дар муддати кӯтоҳ тавонист соҳибнуфуз гардад.
Агар ба нафари ватандору воломақом ин боиси сарфарозӣ бошад, мутаассифона ба нафаре ки пешравию ободии кишвар барои вай бегона аст, сабабгори бадгӯиву бадсиголӣ мегардад. Хиёнаткор пайваста думболи кори ифротии худ асту ҳеҷ дигар нахоҳад шуд.
Чуноне, ки дар урфият мегӯянд офтобро бо доман пӯшида намешавад. Ҳатто моҳ ҳам дар худ доғи сиёҳ дораду то шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад. Вақтҳои охир тариқи расонаҳои интернетӣ ҳар гуна гапу каловчаҳои ҷонибдорони Иззат Амон нашр шуда истодаанд. Ҳамаион суханоне, ки ҷоинибдоронаш нисбати мо мегӯянд гапҳои пучу бемаънӣ беасос ва дойбатҳои амалинашаванда мебошанд. Ҳатто дар Қуръони Карим низ омадааст, ки изои бандаи муъмин ҳаром аст. Пас чаро онҳо инро дидаву дониста нисбати ҳукумати тоҷик ингуна гапҳои ношоямро мезананд. Бало ба пасатон боду дойбатҳоятон ба худатон занад. Шумо кӯрнамакед, магар фаромӯш кардед, ки дар ҳамин сарзамин таваллуд шудаеду ба воя расидаед. Бо шири сафеди модари тоҷик ба воя расидаед. Ватан модари мо хонаи мо аст. Касе, ки чун Иззат Амон барин мардумфиреби мекунад оқибат ҷазояш ҳамин аст. Ҳақиқат талх аст, вале онро бояд қабул кард. Ман ба ҳангомасозони Иззат Амон муроҷиат намуда гуфтаниям, ки нисбати миллати тоҷик гапҳои бофтаву беасосро пош накунанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробар аст ва ҷинояткор ҷазояшро мегирад.
Биоишаи Назар