​Оилаи солим - ҷомеаи солим

Санаи 10 ноябри соли равон бо ташаббуси роҳбари маҳфили доимоамалкунандаи "Фарҳанги оиладорӣ" Зулфия Раҷабова ва устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии донишгоҳ Аҳрорҷон Убайдуллоев дар хобгоҳи духтаронаи рақами №1 чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи “Оилаи солим - ҷомеаи солим” баргузор гардид. Чорабиниро роҳбари маҳфил Раҷабова З. ифтитоҳ намуда, дар бораи оила ва оиладорӣ суханронӣ намуд. Сипас, устоди кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзӯи “Нақши оила дар рушди ҷомеаи муосир” бо истифодаи муаррифинома ва васоити техникӣ маърӯза намуд. Мавсуф дар баромади хеш дар бораи қадру манзалати оила ва оиладорӣ, сабабҳои ногуворӣ хушунати оилавӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон сухан ронда, ба ҷавонон тавсия ва пешниҳодҳои мушаххас дод. Дар қисми дуюми чорабинӣ донишҷӯён бо баромади рангини хеш ба ҷараёни маҳфил ҳусни тоза бахшиданд. Дар раванди чорабинӣ омӯзгорони кафедраи педагогикаи умумӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳадафи аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар байни ҷавонон ва ҷомеа масуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ