​Оила – сарчашмаи меҳру вафо

Дар толори хурди раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи оила таҳти унвони «Оила – сарчашмаи меҳру вафо» мизи мудаввар гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо иқдоми бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ ҷиҳати тарғибу ташвиқи оилаи солим ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин ташаббус як қатор маърузаҳо шунида шуданд. Аз ҷумла, табиби оилавӣ, духтури дараҷаи олӣ Мирова Розия дар бораи солимгардонии оила, омодагии ҷавонон ба оиладорӣ ибрози назар намуд. Бо донишҷӯён мусоҳибаи озод гузаронида шуд.

Номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоӣ Қосимова Марҳабохон ва номзади илмҳои филологӣ Қӯзибоева Нодирахон дар мавриди фарҳанги оиладории шарқиёна ва анъанаҳои миллии оиладории халқи тоҷик маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки оиласутуни ҷамъият аст, зеро ҷамъият аз оила сарчашма мегирад.

“Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани маърифату фарҳанги оиладорӣ ва ба маром дароварданимасъалаҳои ҳуқуқии он мунтазам тадбирҳои зарурӣ анҷом дода шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодекси оила, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул гардидаанд”- зикр шуд дар доираи кори мизи мудаввар.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ