Оила - асоси ҷомеа

Бахшида, ба Рӯзи Оила дар факултети санъати тасвирӣ ва технология чорабинӣ-викторина дар мавзуи “Оила-асоси ҷомеа” таҳти роҳбарии сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ Муқаддас Усмонова дар якҷоягӣ бо кафедраи технология ва методикаи таълими он гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ сармуаллима Муқаддас Усмонова роҷеъ ба оила ва арзишҳои он маълумот дода, қайд намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии оилаҳои ҷавон ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ маҳсуб меёбад. Гуфта шуд, ки омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ дар назди аҳли ҷомеа вазифаи ниҳоят муҳим мебошад.

Сипас, байни донишҷӯён викторина дар мавзуи “Хушбахтии оила дар чист?” тариқи суолу ҷавоб гузаронида шуд.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати оиладорӣ дар ҷомеа унвон гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ