Оғӯши табиати биҳиштосо

Ҷомеаи башарӣ давоми ҷараёни ҳаётии худ давоми ҳазорсолаҳо зери таъсири чандин бемориҳои сироятӣ ба вартаи ҳалокат наздик шудаву миллионҳо нафар инсонҳо ҳалок шудаанд ва танҳо бо тавсияю ҷонбозиҳои мутахассисони соҳаи тиб асорати бемориҳо тадриҷан рафъ карда шудаанд. Вабою табларза ва бемориҳои дигари сироятӣ дар солҳои пешин бо сабаби сатҳи нокифояи рушди илми вогиршиносӣ тез – тез хурӯҷ карда ҷони ҳазорон нафарро мерабуданд ва ҳукуматдорони маҳаллӣ дар офияти аҳолӣ аксаран ҳеҷ коре карда наметавонистанд ё худ намекарданд.

Хурӯҷи бемории сироятии COVID – 19 дар сайёраи Замин давоми солҳои 2020-2021 боиси имтиҳони қатъие барои аҳолӣ, соҳаи тиб, мақомоти давлатӣ ва ғайра гардид, ки асари он то ҳанӯз боқӣ мондааст ва давом меёбад. Зеро, вируси барангезандаи ин беморӣ бо сабабҳои гуногун дучори тағйирёбӣ (мутатсия) гардида штаммҳои нав ба нав пайдо шуда истодаанд, ки охирини онро бо номи “омикрон ХЕ” номгузорӣ кардаанд. Дар умум, теъдоди сироятёфтагон ба ин беморӣ дар миқёси олам беш аз 500 миллион нафарро ташкил додаасту наздик 6 миллион нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Муқовимат бо ин “вабо”-и асри навин дар сатҳи мамлакатҳои олам дар алоқамандӣ бо омилҳои мухталифинъикоси мавқеи давлат дар ҷомеа ва самаранокии давлатдорӣ гардидааст, ки на ҳама мамлакатҳо муваффақона аҳолии худро аз бемории коронавирус эмин нигоҳ дошта тавонистанд.

Талошҳои пайваста ва амали ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ боис гардид, ки дар кишвари биҳиштосоямон сатҳи мубталоёбӣ ба ин бемории сироятӣ саривақт ҷилавгирӣ карда шавад. Ҳавои тозаи офтобӣ, оби зулол, меҳнатқаринии аҳолӣ, риояи реҷаи ниқобӣ ва масофаи иҷтимоӣ, сарҷамъиву ваҳдат ва омилҳои дигари табииву антропогенӣ бо сиёсати оқилонаи Ҳукумати кишвар ва ҷонбозиҳои шифокоронимоҳир боиси тадриҷан нобуд гардидани оқибатҳои беморӣ дар кишвари мо шудааст. Хушбахтона, алҳол аҳолӣ дар шароити халосӣ аз бемории COVID – 19 зиндагӣ дорад. вале набояд фориғбол буд. Зеро, вируси коронавирус то ҳанӯз пурра маҳв нашудаасту хатари авҷи нави он боқӣ мемонад. Бинобар ин, зарур аст, ки бо табиати нотакрор, давлатдории ғамхор, масъулияти баланди табии аҳолӣ ва ҳоказо шукргузорӣ намуда эҳтимолияти сарзании бемории даҳшатборро аз хотир фаромӯш насозем.

Собиров Мурод Собитҷонович-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ