​Оғози таҷрибаомӯзии педагогӣ

Таҷрибаомӯзии педагогӣ барои донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси математикаи амалии шуъбаи фосилавӣ оғоз гардид. Ба ин муносибат дар факултети математика ҷамъомад доир гардид, ки дар доираи он тақсимоти донишҷӯён ба гуруҳҳо сурат гирифта, роҳбарони таҷрибаомӯзон муайян шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 25, 31, МТУҒ “Паймон”, Гимназияи №24 дар шаҳри Хуҷанд ва№10, 15 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷараён гирифта, адр доираи он донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ хоҳанд намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ