​Оғози «Ҳафтаи илм»

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус «Ҳафтаи илм» кушодашавии ҳафтаи илм бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Декани факултет дотсен Сатторбердӣ Рабиев чорабиниро кушода эълондошта, қайд намуд, ки дар доираи ин ҳафта баргузории озмуну маҳфилҳо, семинар-тренинг, семинари илмӣ-назариявӣ ва виктаринаҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Сипас, муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Ў.Сатторов роҷеъ ба дастовардҳои илмии устодони факултет дар соли сипаришуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Баъдан китоби тозанашри профессор Хайрулло Сабурӣ ва Омина Қаюмова таҳти унвони «Ҳадафи фикр кашфи асрор аст» муаррифӣ гардид. Таъкид гардид, ки китоби мазкур арзиши баланди илмиро соҳиб аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ