​“Офарин”: таҷрибаомӯзон чорабинии варзишӣ ташкил карданд

Бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети тарбияи ҷисмонӣ дар Гимназияи №4 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Офарин” чорабинии варзишӣ гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур низ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.

Дар доираи ин мусобиқаи варзишӣ хонандагони муассиса ба ду даста – “Садбарг” ва “Ситора” ҷудо шуда, байни ҳам сабқат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чорабинӣ масъулин аз шуъбаи таҷрибаомузӣ, садорати факултети тарбияи ҷисмонӣ ва мамурияти гимназия иштирок карданд. Чорабинии мазкур таҳти рохбарии мушовири тахассус сармуалими кафедраи варзиш ва методикаи талими тарбияи ҷисмонӣ Бойматов Даврон гузаронида шуд.

Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ