Одаму одамгари хоҳи ба кас тӯҳмат макун
Одаму одамгари хоҳи ба кас тӯҳмат макун,
Дар ҳаёту зиндагӣ бар ҳеҷ кас миннат макун.
Дар ҳақиқат рост аст, ин гуфтаҳо. Умри одам гузаро аст, ҳар навъе, ки хоҳем ҳамон хел мегузарад. Агар хуби кунем ба хубӣ мегузарад. Агар бадиву кина кунем ба талхи мегузарад. Дар ин дунёи дурӯза беҳурмативу миннат ва ҷангкардан ҳеҷ фоидае надорад. Бузургони олам бо худ чи бурданд, ки мо чӣ барем. Искандари Мақдунӣ ҷанговари бузург Напалион, ҳатто Гитлер ҳам ҷангиду бо худ чизе набур.
Чуноне, ки шоир фармудааст
Пеш аз мову ту мезистанд ҳазорон одамон.
Ҳеҷ чиз бо худ набурданд онҳоро ғайбат макун.
Гар тавони ҳайри фардоро ту имрӯз бигзарон.
Бар умеди ҳайри фарзандони беҳиммат макун.
Интизори ту зи баҳри моли ин дунё гузар.
Хешро аз баҳри чиз беқадру бе қиммат макун.
Ҳодисае, ки чанде пеш дар Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон рух дод, ҳамагонро ба ташвиш андохту душманонро ба ҷунбиш оварду мардумро ба шӯр. Он ҳангомаое шуд барои ҳангомасозону хоинони миллат.Ташкилотҳоиэкстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи-24” дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ва ҳатто берун аз онро барои тазоҳурот даъват карданд.Хостанд ҳамаро ба изтироб андозанду ҷанги шаҳрвандиро барангезанд. Аз тарафи хоинони миллат Алим Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров, Шавкати Муҳаммад ҳаргуна баромадҳои фаҷҳу беасос пахш шуд. Хушбахтона муаммои мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти Прокуратурадар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда шуд. Охир ин ҳама ҳангомаву вайронкориҳо барои чӣ даркор монед, ки кормандони ҳафзи ҳуқуқ кори худашонро кунанд. Қонун барои ҳама як аст. Ҷинояткор, ҷинояткор асту дар назди қонун ҷавобгар аст.
Биоишаи Назар