Нур меборад зи рӯят кишварам

Тоҷикистон дар масири таърих бо ҷонбозиҳову қаҳрамониҳояш бо хатҳои заррин навишта шудааст. Зеро он Истиқлолияте, ки мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами худ ба даст овард басо гарону муқаддас аст ва мо ин Истиқлолиятро қадр намуда чун гавҳараки чашм нигаҳ медорем.

Имрӯз кишвари мо ба шарофати Истиқлолият гул-гул шукуфон асту ҳамаи кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро мешиносанду эътироф мекунанд.

Баргузории вохӯрии Сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид Аҳдномаи таърихӣ мебошад зеро 20 солагии он дар кишвари мо баргузор гардид. Лозим ба ёдоварист, ки 21 давлатҳои ҷаҳон аъзои ин созмон мебошанд.

Бояд гуфт, ки кишвари Афғонистон низ ба узвияти СҲШ пазируфта шуда буд. Азбаски ҳокимияти конститутсионии он аз ҷониби ҳаракати тундгаро ва террористии “Толибон” ғасб карда шуд, аз ҷониби ин мамлакат намоянда фиристода нашуд.

Вохӯрии Сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сарзамини мо баргузор гардид. Ҳамаи меҳмонон ба дараҷаи олӣ ва баланди меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифта шуданд.

Хосатан Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Иброҳим Раиси ва Сарвазири Ҷумҳурии Покистон Имрон Хон. Аз чунин пазироии гарму таваҷҷӯҳ меҳмонон шахсан ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуданд.

Дар вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Покистон Имрон Хон масъалаҳои муҳими ҷомеа бахусус вазъи кунунии баамаломадаи Афғонистонмавриди баррасӣ қарор доданд.

“Мо хоҳони истиқрори ҳарчи зудтарисулҳу суботи комил дар он кишвар, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем”қайд намудан зимни суҳбат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мо итминони комил дорем, ки ин низоъҳо роҳи ҳалли худро меёбад, зеро ҳамаи кшишҳои Сарвари давлат баҳри ободӣ ва тинҷиву оромии сарзамини ҳамсоякишвар Афғонистон равона карда шудаанд.

Зеро дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ