Нооромии ҳамсоя ба чӣ оварад!
Мамлакати ҷангзадаи Афғонистон баъд аз ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” боз ҳам саҳнаи нави нооромӣ, ҷангу муқовиматҳои дохилӣ, мавзеи амалҳои террористӣ ва ғайра гаштааст. Мураккабу номуайян боқӣ мондани вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кишварҳои ҳамҷавори онро бефарқ гузошта наметавонад. Зеро, тамоюли ҷалб намудани насли ҷавони миллату давлатҳои гуногун ба созмонҳои байналмиллалиитеррористӣ ба мушоҳида мерасад, ки барои вазъияти сиёсии минтақа хатари ногузир эҷод менамояд. Алалхусус, ҳодисаҳои хушунатомези террористӣ дар масоҷиди шиамазҳабони Афғонистон боиси қурбонии нафарони зиёди шаҳрвандони оддӣ шудааст, ки табақаи солимақли ҷаҳон ин амалҳоро қотеъёна маҳкум енамояд.
Баргузории ҷаласаи ҳадамоти махсуси мамлакатҳои ҳамҷавори Афғонистон (Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Руссия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) ва қабули изҳороти дастаҷамъона воқеаи хеле муҳим дар таърихи навтарини ҷомеа мебошад, ки аз эҳсоси хавотирӣ бар ояндаи давлатдории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дарак медиҳад. Чунки, дар ин ҷаласа ҳамаи ҷонибҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ҳалли фаврӣ ва мусолиҳаомези қазияи Афғонистони ноором тадбирҳои зарурӣ андешида барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, оромии ҷомеа, таъсиси ҳокимияти инклюзивӣ ва ғайра чораандешӣ карда шавад. Зарур шуморида мешавад, ки ҷиҳати пешгирии шиддати минбаъдаи хушунату зӯроварӣ ва мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ тадбирҳои муштарак бо ҷалби ҳарчӣ бештари давлатҳои манфиатдор андешида шаванд. Дар акси ҳол, баланд рафтани сатҳи терроризм дар Ҷумҳурии Афғонистон боиси эҷоди хатар ба вазъи сиёсии мамлакатҳои ҳамҷавор шуда метавонанд ва ҳам вазъи минтақаи Осиёи Марказиро ноорому ноустувор мегардонад.
Бузургон таъкид доштаанд, ки “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъст”. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз шаҳрвандони оддӣ то давлатдорон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳалли масоили марбут ба қазияи Афғонистон мавқеи устувори фаъолро ишғол намоянд. Зеро, сулҳу суботи миллӣ, оромии ҷомеа неъмати бебаҳо асту нерӯю тавоноии ҷомеа мебояд ба самтисозандагию бунёдкорӣ равона гардад.
Алалхусус, аз насли ҷавони Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки дар муқовимат ба шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои байналмиллалии террористӣ ва иҷрои амалҳои хушунату зӯроварӣ мавқеи фаъолу пешсафро ишғол намояд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”