​Нишасти 200-уми маҳфли илмиву адабии ”Ганҷи сухан”

Қайд гардид, ки яке аз иқдомҳои наҷиби маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ки дар солҳои охир бештар бар он таваҷҷӯҳ мешавад, ёдкарди бузургони илму адаби миллати тоҷик ва хидматҳои онон дар рушди фарҳангу тамаддуни мо мебошад. Ҳамзамон маҳфил дар давоми мавҷудияти худ чандин озмуну конкурсҳои илмиву адабиро ба роҳ монда дар самти дастгирии ҷавонони эҷодкор корҳои арзандаро анҷом додааст. Дар партави фаъолияти маҳфил силсилаи зиёди барномаҳои телевизионии адабиву фарҳангӣ низ рӯи кор омад, ки ба як маънӣ онҳо ифодагари рисолати маҳфил мебошад.

Ҳамчунин дар ҷараёни маҳфил ашъори ноби адибони классику муосир қироат гардида, ба иштирокчиён руҳияи болида мебахшид.

Дар идома як қатор иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо ифтихорномаву сипосномаҳои Раиси вилоят, Кумитаи иҷроияи Ҳизби хХалқии Демократии Тоҷиикистон дар вилояти Суғд, Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созанда, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардида, маҳфил бо руҳияи болидаи аҳли нишаст ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ