Нерӯи пешбар

Дар факултети иқтисодӣ бо иштироки донишҷӯёни соли сеюм мизи мудаввар гузаронида шуд. Ин иқдом аз ҷониби кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ роҳандозӣ гардид.

Мизи мудаввар ба мавзӯи нақши ҷавонон дар таъмини рушди маориф ва илм бахшида шуд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи пешбари ҷомеа ва давлат буда, ояндаи ин давлату миллатанд. Аз дорнишҷӯён даъват шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, баҳри таъмини рушди маориф ва илми тоҷик хидмат намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ