Некӯаҳволии равонӣ ва муваффақияти иҷтимоии шахс дар шароити талаботҳои муосир

Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Вятки Федедратсияи Русия Форуми IV байналмиллалӣ бо иштироки олимон, психологони амалкунанда ва дигар мутахассисон аз минтақаҳои гуногуни Русия ва дигар мамолики хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маҷозӣ ширкат варзиданд.

Меҳмонони фахрии чорабинӣ дар қисмати кушодашавӣ ва пленарии Форум оид ба аҳамияти масъалаҳои ба муҳокима гузошташуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Ноиби ректор оид ба рушди стратегӣ ва фаъолияти лоиҳаҳои Вятки Федератсияи Россия Константин Бажин нақши истисноии донишҳои психологиро дар ҳаёти муосир таъкид карда, афзуд, ки “Бе илми психология мо баъзан ба саволҳое, ки барои ҳама актуалӣ ва муҳиманд, ҷавоб гирифта наметавонем. Дар психология мо калидҳои ҳалли мушкилотеро, ки имрӯз донишгоҳҳо дучор меоянд, пайдо мекунем”. Мавсуф масъалаҳои некуаҳволии психологӣ ва комёбиҳои иҷтимоии шахс дар шароити кунунии муосиро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар идомад директори Институти педагогии Университети давлатии Вятк, доктори илмҳои педагогӣ Галина Симонова зимн суханрониаш қайд намуд, ки натиҷаҳои кори калону ҷиддии тадқиқотиро, ки дар доираи лоиҳаи стратегии «Шахсияти созгор» ба амал бароварда мешавад, пешкаш намуда, алоқа бо дигар давлатҳоро тариқи онлайнӣ муҳим шуморид.

Сипас, Мастер – класс дар қисмати Треки дуюм – ба масъалаи “Экопсихология успешного человека»: достижение «акме» в семейной сфере” аз ҷониби сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Муҳаррам Раҳимова дар мавзуи “Детско-родительскиеотношениявподростковомвозрасте (этнопсихология)” нишон дода шуд. Дар рафти Мастер – класс масъалаҳои муносибатҳои волидайн – фарзандон бо дарназардошти хусусиятҳои этнопсихологии маҳал: анъанаҳои халқӣ ва хусусиятҳои фарҳангии муносибату муошироти волидайн бо фарзандон, низоми таваллуд дар оила, тартиботи дараҷаҳои мансабу мартабаи оилавӣ, хусусиятҳои синнусолии наврасон ва муносибатҳои аъзоёни оила бо онҳо сухан карда, бо донишҷӯён доир ба муносибатҳои хонаводагӣ ва таъсири психологии он ба шахсияти донишҷӯён фикру ақидаҳои хешро баён намуданд. тарзҳо муносибатро тариқи нақшофарӣ ба намоиш гузоштанд.

Ҳамин тариқ, Форум бо баромаду намоиши Мастер-классҳои дигар давоми рӯз ба кори худ худ идома бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ