Наҳзатиёнро зуннук бигрифта?!
Зоти одамӣ бо шууру ақлу тамиз, устувории андешаю мавқеъ ва назари неки воқеибинона аз ҷонзотҳои ваҳшӣ фарқ менамояд. Зеро, танҳо пастфитратони ҳасуду бахил, муғризу палид ва хиёнатпеша аз ҳар ҳодисаю воқеа якравона ҳангома эҷод менамоянд.
Воқеаҳои охири моҳи ноябри соли равон, ки натиҷаи каҷфаҳмии оммаи кӯчак бо иғвогарии баъзе авбошмиҷозон дар маркази маъмурии Кӯҳистони Бадахшон ба вуқӯъ пайваст, тасдиқи гуфтаҳои зикрёфта ва мавҷудияти гурӯҳи манфиатҷӯи хориҷӣ мебошад, ки оромиву суботи ҷомеаи Тоҷикистонро дидаю тоқат карда наметавонанд. Пуштибонӣ аз тӯдаи ночизи авбошон ва дасисабозӣ дар ин ҳангом хоси нафарони хоини ватанфурӯш аст, ки хостанд имиджи Ҳукумати қонунии кишвари соҳибистиқлоламонро коҳиш диҳанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ бо далолати хоҷагони манфури маблағгузори хориҷӣ минбари тӯдаи чоплусони тӯтитабор буду бо ҳарзагӯӣ хаёлоти палиди худро гӯё ба оламиён чун ҳақиқат пешкаш мекарданд. Вале, чун ҳамеша ҳақиқат бо тезӣ бар ҷаҳолат ғалаба карду дар ин минтақаи зебоманзари осмонбӯси Тоҷикистон оромиву осудагӣ пойдор гашт.
Маҳорату истеъдод, адолатпешаю хирадмандӣ ва матонату ҷасорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қудрати сиёсии Ҳукумати кишвар мусоидат намуданд, ки дар муддати кӯтоҳтарин ҳамаи қазияҳои мавҷуда оқилона ва одилона ҳаллу фасл карда шаванду мардуми тамаддунсозу фарҳангсолори Тоҷикистон заҳмати созандаю бунёдкоронаи хешро идома диҳанд. Месазад шукронаи давлатдории соҳибистиқлолӣ кард, ки бори дигар пеши роҳи тафриқаандозии ҷомеа гирифта шуд.
Куҷо шуданд, нафарони ҷорзани иғвогар, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекарданд? Сабуриву таҳаммулпазиронро тарсончаку буздил мехонданду худро шери жаён мешумориданд? Мисли муши зери девори хона хомӯшанду зуннук гирифтаед? Агар шумоёни ифротгарои наҳзатӣ буздилу тарсончак набошад, марҳабо ба диёри бобоиатон биёеду ягон амали нек анҷом диҳед?! Вале, ҳама хонашери майдонғариб ҳастед, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо маблағи хоҷагони хориҷӣ шердил менамоеду алҳол чун мурғи посӯхта сару калоба намеёбед? Гар заррае мардию мардонагӣ дар вуҷудатон мавҷуд мебуд, ҳасуду бахилиатон нисбат ба давлатдорон як сӯ мегузоштеду эҳтироми мардуми оддиро фикр мекардед?
Эй нобакорони наҳзатию чоплусони беномусон! Андеша накардед, ки бо иғвою дасиса назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав гурӯҳеро ҷамъ овардеду мардуму мақомотҳои Россияро нороҳат созед, онҳо ин вазъро дар қиёси ҳамаи тоҷикистониёни муҳоҷири дур аз Ватан баҳо медиҳанд?! Ана хизмати хирсонаатон ба бародарони муҳоҷир, эй баднафсони ҷоҳили ноқисулақл!
Итминони комил дорем, ки сулҳу ваҳдат дар Ватани маҳбубамон пойдору устувор боқӣ хоҳад монд ва неши каждумони наҳзатӣ ба тани ватандӯстон асаре нахоҳад гузошт.
Собиров М.С. - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”