Наҳзатиёни курнамак
Мардуми тоҷик аз зумраи он миллатҳое мебошанд, ки хоки Ватану марзу буми хешро дӯст медоранд ва барои ҳастиву ҷовидон мондани он ҷоннисориҳо мекунанд. Зеро Ватан ҷоест, ки мо дар он ҷо ба дунё омадаем ва мо ҳама дар назди Ватан қарздорем. Қарздор аз ҳавояш, ки нафас мекашем, қарздор аз хокаш, ки по мениҳем, қарздор аз табиати зевову шифобахшаш, ки боиси ҳастии мост. Вале Ватан хоксор аст, ҳамаи ин қарҳояшро намегӯяд. Мо бояд шукр кунем, ки дар чунин Ватани ободу осоишта ва биҳиштосо оромона умр ба сар мебарем. Вале дар байни мардум тоифа инсонҳое ёфт мешаванд, ки ба қавли гапҳо “КУРНАМАК” дар Ватан зиставу ба воя расида имрӯз пар кушода рафтанду берун аз кишвар Ватани худро сиёҳ мекунанду, таъна ба сари миллати тоҷик мекунанд. Ин тоифа одамон аъзоёни Ҳизби наҳзат мебошанд, ки ободии моро чашми дидан надоранд. Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик акнун мисли пештара нест ва шикастнопазир аст. Мо муттаҳид ҳастем ва аз як гиребон сар баровардаем. Ягон гапу каловчаи бардурӯғи Шумо моро беҷо карда наметавонад.Ҷинояткориву хоинии шумо бисёр аст. Агар ҳамаи онҳоро номбар кунем соатҳо меравад.
Мо хоҳони онем, ки хоинони ҳизби наҳзатзуд дастгир шаванд ва решаи ҷинояту зӯроварӣ канда шавад нобут карда шавад. Ҳатто ҷазои қатл ҳам барои он амалҳое, ки Шумоёнсодир кардаед кам аст. Зеро Шумо сабабгори нооромиҳо, Шумо сабабгори ашки модарон, Шумо сабабгори гиряи тифлакони ятим монда ҳастед.
Ҳаминро бояд бидонед, ки мо шикастнопазирем ва сарҷамъу муттаҳидем. Мо дар асри 21 қарор дорем, мардум дигар шуданд, тафаккур ва шуури онҳо дигар аст ва хурду ҷавон медонад, ки ҳизби наҳзат ҳизби ҷиночткорон аст ва оқибати онҳо сиёҳ аст.
Биоишаи Назар