​Наврӯз – ҷашни аҷдодӣ

Бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар факултети иқтисодӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз мизи мудаввар доир шуд. Ин ташаббусро сармуаллими кафедра, ҳамзамон муовини декани факултети иқтисодӣ оид ба тарбия Ҷӯраев Манучеҳр ба роҳ монда, ба донишҷӯён доир ба таърихи пайдоиши Наврӯз ва суннатҳои мардумӣ маълумот дод.

Ҳамзамон, донишҷӯён низ доир ба анъанаҳои мардум дар арафаи Наврӯз фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар идома доир ба расму русуми сокинони минтақаҳои гуногун дар доираи таҷлили Наврӯз миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ