Наврасону ҷавонон ояндасозӣ миллатанд
Дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамкории мактаб бо оила ва аҳли ҷамоатчигӣ бағоят зарур аст. Маҳз мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ метавонад барои чунин ҳамкорӣ заминаи устувор гузорад, вале оила ва мактаб дар алоҳидагӣ ҳамаи он омилҳое, ки ба шахсияти ташаккули бача таъсир мерасонад иҷро карда наметавонад. Аз ин лиҳоз барои раванди пурраи мураттаби тарбия пайваста амал кардани ин се соҳаи ба ҳам алоқаманд: оила, мактаб ва ҷомеа пешбинӣ шудааст. Нақши ташаббускорӣ ба ҳам алоқамандшавии ин равандро асосан мактаб мебозад.
Чуноне, ки дар Паёми навбати ишора гардид дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.
Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар Маҷлиси миллӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон изҳори нигарони намуда махсус қайд намуданд, ки: “Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо”. Аз ин лиҳоз мо устодонро мебояд, ки заҳмати худро нисбати тарбияи насли наврас ва ҷавонон дучанд намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем. Зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост. Ин ҳама ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат барои шукуфоии кишвари азизамон аст ва мо онро бояд пешаи роҳи худ намоему Тоҷикистонро ҷаҳонӣ гардонем.
Биоишаи Назар, ДДХ