​“Навои ҷавонӣ-2023” ҷамъбаст гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2023”, ки бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ роаҳндозӣ гардид, ҷамъбаст шуд.

Фестивал-озмуни мазкур давоми моҳи апрел ва майи соли 2023 дар як давр байни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи номинаҳои “Суруди хор”, “Навозиш”, “Суруди якка”, “Рақси якка”, “Бадеҳахонӣ”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” байни ҳам рақобат намуданд.

Ташаббуси мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он дарёфт ва рушди истеъдод миёни донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт аз тамоми имконият истифода ва иқдому тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Ташкил ва ба роҳ мондани фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ” низ, ки ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст, аз зумраи ҳамин иқдом унвон мешавад.

Интизор меравад, ки маросими қадршиносии ғолибон дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардида, ғолибон бо диплом, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ