​Навиди хуш: Ишғоли 9 ҷой дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ.."

Донишҷӯён ва докторантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." 9 мақоми фахрии якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд.

Аз ҷумла, дар даври ҷамъбастии ин озмун Родмеҳри Сулаймонӣ, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик аз рӯйи номинатсияи шоирӣ мақоми якумро соҳиб гардид.

Чор ҷойи дуюмро дар ин озмун донишҷӯён - Саҳобиддинов Муродҷон аз рӯйи номинаи адабиёти классикӣ, Мизробов Шарифҷон аз руйи адабиёти муосир, Эшбеков Ансоралӣ аз рӯйи адабиёти бачагона ва докторанти донишгоҳ Шарофова Шодмонбибӣ аз рӯйи номинаи адабиёти классикӣ сазовор шуданд.

Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун ҷойи сеюмро чор нафари дигар аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд. Донишҷӯён - Рӯзиматова Маликабону аз рӯйи адабиёти классикӣ, Шодмонзода Покиза аз рӯйи адабиёти муосир ва докторантон - Ёдгори Аслинисо аз рӯйи адабиёти бачагона, Саидов Исмоил аз рӯйи номинаи адабиёти классикӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар маҷмӯъ, дар даври ҷамъбастии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." донишҷӯёну докторантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳорати баланд нишон дода, соҳиби 9 ҷойҳои аввал гардиданд, ки фахри ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки ғолибони озмун аз донишгоҳ таҳти роҳбарии устодон - Тиллохоҷаева Муҳаббат, Нуралӣ Нурзод, Ҳоҷиев Абдуфаттоҳ, Тоҷибоев Шарифҷон, Абдурашидова Умеда иштирок намуда, нуфузи донишгоҳро дар миқёси ҷумҳурӣ баланд бардоштанд.

Дар бораи ҷойҳои ифтихорӣ ва таассуроти ғолибон дар гузоришҳои оянда муфассал иттилоъ хоҳем дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ