​Натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолинаи маҳфили "Ганҷи сухан"

Дар толори раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” нишасти 197-уми маҳфили илмию адабии "Ганҷи сухан" бо иштироки васеи олимону адибон, устодону донишҷӯён ва мухлисони илму адаб ва фарҳанг баргузор гардид. Роҳбари маҳфил дотсент Саидумрон Саидов дар сухани ифтитоҳӣ зикр намуд, ки дар давоми соли 2021 бо дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 11 маҳфил дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки имрӯз аз онҳо натиҷагирӣ хоҳем намуд.

Сипас, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода оид ба сиёсати маорифпарварона ва дастгириву ғамхории ҳамешагии олимону адибон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ибрози андеша намуданд. Қақд гардид, ки маҳфили илмию ададбии “Ганҷи сухан” дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори худро пеш бурда, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар соҳаҳои илму маърифат, фарҳангу адабиёт дар меҳвари худ қарор додааст, ки шавқу рағбати ҷавононро нисбати худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ бедор месозад.

Баъдан Гулбаҳор Султонова - унвонҷӯи кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба китобҳои тозанашри олимону адибони вилоят иттилоъ дод.

Дар зимн профессор Ваҳҳоб Набиев бобати ҳаёту фаъолияти омӯзгории устоди шӯҳратманди донишгоҳ шодравон Ғафурҷон Ҳайдаров, ки имрӯз мебоист ба синни 95-солагӣ мерасид, сухан намуд.

Устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Садриддин Мирзозода дар идома як ғазали устод Ҳофизро тавзеҳ дод.

Роҳбари маҳфил дотсент Саидумрон Саидов оид ба баргузории маҳфили "Ганҷи сухан" дар соли 2021 назди ҷамъомадагон ҳисобот дода, нақшаи кориро барои соли 2022 пешниҳод намуд.

Дар фарҷом фаъолони маҳфил аз ҳисоби олимону адибон, фарҳангиён ва кормандони ВАО-и вилоят бо Сипосномаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва ифтихорномаҳои раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ