Намоиши санъати рассомии чинӣ

Дар осорхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиши санъати рассомиву хаттотии чинӣ гузаронида шуд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ Консули Генералии Консулстваи Федератсияи Русия Варламов Андрей Николаевич, намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, директори Институти Конфутсий дар назди Донишгоҳи Металлургии Тоҷикистон Рен Гентян, муаллимони забони чинии тамоми муассисаҳои таълимии вилоят ва инчунин донишҷӯён ва таҷрибаомӯзони факултети забонҳои шарқ ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ корҳои эҷодӣ ва санъати рассому хаттоти машҳури Чин, Мэ Фенгбин ба намоиш бароварда шуда буд. Расмҳои ба намоиш бароварда шуда дорои мазмуни баланд ва бозгӯкунандаи санъати рассомӣ буда, як дарси маънавӣ ва бардоштӣ хуб барои иштирокчиён арзёбӣ гардид. Зеро дар нақшҳо бештар зарбулмасалу мақолҳои файласуфони бузурги Чин навишта шуда буданд, ки муҳтавои санъати расомиро боз ҳам ғанитар мегардониданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ