​Намоиши корҳои таълимӣ - эҷодии донишҷӯён

Дар толорифакултети санъати тасвирӣ ва технология намоиши корҳои таълимӣ-эҷодии донишҷӯён сурат гирифт. Ин ташаббус бо роҳбарии мудири кафедраи технология ва методикаи таълими он дотсент Неъматов Лутфулло бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин иқдом донишҷӯёни ихтисосҳои “Технология” ва “Технология. Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ” маҳсули эҷоди худро аз рӯйи либосдӯзӣ, кашидадӯзӣ, нассоҷӣ, кандакорӣ, дуредгарӣ ба намоиш гузоштанд.

Дар намоиш декани факултет, муовинони декан ва мудирони кафедраву омӯзгорон иштирок намуда, аз корҳои таълимӣ – эҷодии донишҷӯён дидан намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ