​Намоиши корҳои таълимӣ-эҷодӣ

Дар толори факултети санъати тасвирӣ ва технология намунаи корҳои таълимӣ-эҷодӣ ба намоиш гузошта шуд. Ин иқдом аз фанни “Ҳунарҳои мардумӣ” ва “Графикаи ресмон” ба роҳ монда шуд.

Донишҷӯёни ихтисосҳои санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология ва санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Ҳунарҳои халқӣ - бадеӣ маҳсули эҷоди худро муаррифӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки фанни мазкур ҷиҳати ташакулли лаёқати эҷодии донишҷӯён нақши муассир гузошта, дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ