​Намоиши корҳои эҷодии устодону донишҷӯён

Мувофиқи нақшаи баргузори “Ҳафтаи илм” дарфакултети санъати тасвирӣ ва технология корҳои эҷодӣ, асарҳои устодон, донишҷӯён ва магистрантони ва докторантони (PhD) кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим ташкил ва ба маърази тамошо гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар намоиш зиёда аз 110 адад корҳои эҷодии донишҷӯён пешкаши иштирокдорон гардидааст.Корҳои эҷодӣбо маҳорати баланд бо истифодаи қонуниятҳои баробарвазнӣ (симметрия) ва наққошӣиҷро карда шудааст. Донишҷӯён дар корҳои худ аз намудҳои гуногуни нақш, ба монанди нақшҳои геометрӣ, растанигӣ, зооморфӣ, омехта, катиба ва ғайраҳо истифода бурдаанд. Ҳаминтавр донишҷӯён истеъдоду тахаюли эҷодии хешро нишон дода, ҳар як нақш маънӣ, моҳият ва услуби ба худ хосро доро буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ