​Намоиши корҳои эҷодии донишҷӯёни ихтисоси санъати тасвирӣ

Бо ташаббуси кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ намоиши корҳои эҷодии устодону донишҷӯён ба роҳ монда шуд.

Дар даромадгоҳи факултет бо роҳбарии устодони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ дотсентон Исоев Акбар ва Уралова Наврӯза намоиши корҳои эҷодии донишҷӯёни соли панҷуми ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология мавриди муаррифӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ташаббус аз фанни Мусаввирӣ бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардид.

Ҳадаф аз ин иқдом сайқал додани маҳорат, малака, қобилияти эҷодӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии насли ҷавон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ