​Намоиши корҳои эҷодии донишҷӯён

Дар толорифакултети санъати тасвирӣ ва технология корҳои таълимӣ – эҷодии донишҷӯён аз рӯйи либосдӯзӣ, кашидадӯзӣ, нассоҷӣ, кандакорӣ, дуредгарӣ ба намоиш гузошта шуд. Ин ташаббус ба муносибати 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Шомирзоев Бахтиёр аз намоиши корҳои эҷодии донишҷӯён дидан намуда, ба сифати иҷрои корҳои донишҷӯён баҳои баланд дод.

Таъкид гардид, ки ҳунар инсонро ҳамеша сарфароз намуда, мақому обрӯи инсонро таҳким мебахшад.

Тавсия дода шуд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ ба роҳ монда шуда, маҳсули ҳунари донишҷӯён ба таври шоиста муаррифӣ гардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ