​Намоиши китобҳои тозанашри соҳавӣ

Чун анъана ҳамасола дар дар факултети санъат намоиши китобҳои тозанашри соҳавӣ баргузор мегардад. Дирӯз иқдоми мазкур дар даромадгоҳи факултет роҳандозӣ агрдида, ададбиёти тозанашр бо иштироки васеи устодону донишҷўён, кормандони китобхонаи оммавии Тошхоҷа Асирӣ намоиш дода шуд. Дар чорабинӣ китобҳои тозанашри соҳаи фарҳанг, махсусан китобҳое, ки доир ба ҷашнҳои миллии халқи тоҷик – дар мисоли ҷашни Сада, Наврўз, Меҳргону Тиргон ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Дар рафти намоиш доир ба китобҳои ба табърасида андешаҳои мутахассисони соҳаи китобдорӣ шунида шуд.

Сипас, дар идомаи чорабинии мазкур дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва китобшиносии факултети санъат ба муносибати Рўзи матбуот семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Инъикоси ҷашнҳои миллӣ дар матбуот” баргузор гардид.

Дар кори семинар маърўзаи дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносӣ Нодирҷон Солиҷонов шунида шуд. Мавсуф зимни баромадаш перомуни нашри мавқолаҳои илмию оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва нақши матбуот дар тарғиби анъанаҳои миллӣ ибрози ақида намуд.

Дар фарҷом китобҳои тозанашр, ки нав аз чоп баромадаанд муаррифӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ