​Намоишгоҳи ман Тоҷикистон

Дар Арт-галереяи Монии факултети санъати тасвирӣ ва технология конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 70-солагии омӯзгор мусаввир, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, узви академияи мусаввирони Тоҷикистон Карим Мӯминов таҳти унвони “Намоишгоҳи ман Тоҷикистон” баргузор гардид.

Нахуст дотсент Хайриҷон Ҷӯраева - декани факултет ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, соҳибҷашнро бо ин рӯзи хотирмон табрику муборак бод намуда, саҳми Карим Мӯминовро дар рушди соҳаи рассомӣ муҳим ва мондагор арзёбӣ намуд.

Сипас, дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ С.Ҳасанов перомуни зиндагонимаи ибратбахши Карим Мӯминов ибрози назар намуд. Ҳамчунин профессорон Абдуфаттоҳ Азизов ва Озод Исломов оиди хислатҳои наҷиб ва ҳунари волои соҳибҷашн ибрози ақида намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ