​Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ибтикори Шӯрои занон дар якҷоягӣ бо Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат” бахшида ба Рӯзи Модарбаргузор гардид. Дар маҳфил шоираи халқии Тоҷикистон – Гулноз Тоҳириён, доктори илмҳои филологӣ, профессор Умеда Ғаффорова,директори китобхонаи илмии Донишгоҳ, дотсент Дилбар Самадова иштирок намуданд.

Дар оғоз номзади илмҳои таърих, дотсент Шафоат Ҳошимова дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Номбурда таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми занонро дар меҳвари сиёсати оқилонаи хеш қарор доданд, ки феълан бонувони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, сиёсат ва хоҷагии халқ фаъолона ширкат варзида, баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон саъю талош доранд.

Гуфта шуд, ки феълан дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 496 нафар омӯзгорон аз ҳисоби занонва зиёда аз 300 нафар дар раёсати донишгоҳ ва қисмҳои ёрирасон кору фаъолият мебаранд. Бонувони донишгоҳ дар тарғибу ташвиқ ва ҷорӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Бонувону донишҷӯдухтарони Донишгоҳ дар самти илм, таълим ва тарбия ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, аз ҷумла дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, номи донишгоҳро дар арсаи байналмилалӣва ҷумҳурӣ баланд бардошта истодаанд.

Дар фарҷом таъкид рафт, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлату ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар мадди аввал қарор дода, дар доираи имконоти мавҷуда дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ