​Нақши волидайн дар тарбияи худшиносии ҷавонон

Дар бисёр оилаҳои вайроншуда кўдакони ноболиғ тарбия меёбанд. Бояд қайд кард, ки мактаб низ дар баробари ин гуна оилаҳо ба муаммою душвориҳои зиёде рў ба рў гаштааст. Мушоҳида ва омўзишҳои педагогию психологии солҳои охир нишон медиҳад, ки бо вуҷуди дар даврони истиқлолият дар бунёди оилаи устувори тоҷик ба муваффақиятҳо ноил шуданамон, инчунин мушкилот ва муаммоҳои мувофиқ ба замони нав ба вуҷуд омадаанд, ки ба раванди таълиму тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар ҳамин давраи тақдирсоз то андозае эҳсоси масъулияти волидайн дар мавриди таълиму тарбияи фарзандон мувофиқи мақсад набуд. Аз ин лиҳоз, ин масъала дар сатҳи давлатӣ муҳокима гардид ва 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба тавсиб расид.

Қабул гардидани қонуни мазкур масъулияти волидонро дар самти назорат ва тарбияи фарзандон то ҷое баланд бардошт. Ин иқдом замина гузошт, ки падару модарон андешаи “тарбия вазифаи мактаб” – ро аз тафаккури худ берун намуда, масъулияти худро пурра ва дуруст дарк намоянд. Ҷомаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ пӯшонидан ба масъулияти волидон дар самти ҷиддитар таваҷҷуҳ зоҳир шудан ба масъалаи тарбияи ҷавонон нақши бориз гузошт. Агар иддае аз волидон ҳам тарбия ва ҳам таълимро рисолати муассисаҳои таълимӣ унвон намоянд, "қисме аз омўзгорон чунин мешуморанд, ки гўё вазифаи онҳо таълим додан, вазифаи оила бошад, тарбия намудан аст.

Ба ин маънӣ Сухомлинский мафҳуми «тарбияи оилавӣ-мактабӣ»-ро истифода карда, нақши ягонаи муассисаи таълимӣ ва оиларо дар тарбияи бачагон ва нақши роҳбарии муассисаи таълимиро дар ҳамин маврид қайд кардааст: «Тарбияи мактабӣ-оилавӣ на танҳо имконият медиҳад, ки насли наврас хуб тарбия карда шавад, балки дар баробари ин, як шарти муҳимтарини такмил додани симои маънавии оила ҳам мебошад. Бе тарбияи бачагон, бе иштироки фаъолонаи падару модарон дар ҳаёти мактаб, бе ҳамкории доимии ахлоқӣ ва якдигарро аз ҷиҳати маънавӣ бойгардонии калонсолон ва бачагон худи оила ҳамчун ячейкаи аввалини ҷамъият, мактаб ҳамчун муассисаи таълиму тарбия ва прогрессии ахлоқии ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад.

Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ