Нақши ВАО дар таъмини амнияти иттилоотӣ

Ҷомеаи муосир ба тағйироти куллӣ рў ба рў мегардад. Нақшу вазифаи давлат дигаргун мешавад, субъектони нави раванди сиёсии ҷаҳонӣ ба мисли корпоратсияҳои трансмиллӣ, «табақаи ҳукмрони байналхалқӣ», ташкилотҳои байналхалқии давлатӣ ва ғайридавлатӣ зуҳур менамоянд. Болоравии баҳамвобастагӣ ва мураккабии муносибатҳо миёни субъектони муносиботи байналхалқӣ муаммоҳои ғайричашмдошти мухталифро тавлид сохта, барои давлатҳо дар сиёсати хориҷӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ мушкилтар мегардад. Таъмини манфиатҳои миллӣ ва якпорчагии давлат, амнияти он ба мавқеи геополитикиаш асос ёфта, ҳоҳ нохоҳ ба муносибатҳои байналхалқӣ таъсир мерасонад. Табақаҳои ҳукмрон мекўшанд, ки даромад ва афзалияти хешро бештар намоянд ва манфиатҳои худро ҳамчун манфиатҳои ҷомеа вонамуд созанд. Дар ин ҷода васоити ахбори омма (ВАО) дар замони тараққиёти технологияи комуникатсионӣ ба василаи муҳими таъсиррасон ва муайянкунанда дар муносибатҳои байналхалқӣ табдилмеёбанд ва ба амалӣ сохтани ин мақсад технологияи фиреби (манипулятсияи) оммавиро васеъ пеш мегиранд. Генри Маргентау дар асари худ «Сиёсати давлат. Мубориза баҳри таъсир ва сулҳ» андеша меронад, ки муносибатҳои байналхалқӣ майдони муборизаҳои пуршиддати давлатҳоро мемонад. Асоси кулли фаъолияти байналмилалии давлатро кўшиши бештар намудани ҳокимияти хеш ва суст намудани ҳокимияти дигарон ташкил медиҳад. Тибқи мафҳуми ҳокимият нерўи ҳарбӣ ва иқтисодии давлат, кафолати аз ҳад бештари бехатарӣ ва рушду нумў фаҳмида мешавад. Ба ақидаи ў давлат кўшиши ҳукмронии хешро дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ифода менамояд. Дар ин роҳ яке аз воситаҳое, ки манфиати миллиро, аз ҷумла, амнияти иттилоотиро дар муносибатҳои байналхалқӣ дифоъ менамояд, ниҳоди ВАО мебошанд. Мавқеи коммуникатсияи иттилоотӣ дар сиёсат назаррас гардида, дар дўши хеш рисолати дифои манфиатҳои миллӣ ва давлатро дорад. Дар шароити таҳаввулоти иттилоотии муосир он ба силоҳи нерўманди гуруҳҳои манфиатҷўй, табақаҳои ҳукмрони байналхалқӣ, абарқудратҳо мубаддал гаштааст, ки аксаран дар минтақаҳо ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои байналхалқӣ ва тавлид сохтани муаммоҳо ҳамчун муайянкунанда баромад менамояд, «тавассути ҳамлаҳои иттилоотӣ афкори умумро ба худ тобеъ менамояд».

Барои ҷалби афкори ҷомеа ба тарафдории қувваҳои ба ном “демократӣ” намояндагони баъзе аз ташкилотҳои байналхалқӣ ВАО-ро васеъ истифода мебаранд. Дар ин маврид барои ҷавонони кишварҳои ИДМ дар чанд кишварҳои хориҷа барномаҳои махсус матраҳ шуда, дар он ҳамкории тарафайни ҷавонон бо воситаҳои ахбори умуми ба ном “мустақил” бештар қадр карда мешавад. Рўзномаҳои ба ном “озод” номзадҳои “мақбул”-ро ба саҳнаи сиёсат ворид месозанд. Миёни ашхоси “пешниҳодшуда” нафароне, ки таҷрибаи идораи давлатдории хориҷиро аз худ кардаанд (Карзай, Саакашвили, Ющенко) кам нестанд, ки дар сиёсати хеш афзалияти асосиро ба мақоми ташкилотҳои гуманитарӣ ва динӣ дода, зери “бомашон” «инқилобҳои ранга»-ро матраҳ месозанд. Мутахассисони соҳа ақида доранд, ки сабаби инқилобҳои рангаи ИДМ на ВАО, балки мушкилоти дохилианд. Дар баробари ин зикр мекунанд, ки озодии сухан беохир набуда, вай қодир аст на фақат илҳом бахшаду бунёд кунад, балки хароб ҳам созад.

Ҳини ҳифзи манофеи милливу давлатӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ матбуоти Амрико дар Украина, Югославия, Ироқу Гурҷистон ва минтақаҳои дигар мавқеи хос дошт. Масалан, матбуоти ИМА дар раванди интихоботи президенти Украина нишон дод, ки онҳо аз принсипи «ҳуқуқи ҷомеа ва иттилооти воқеӣ» сарфи назар карда, шарт гузоштанд, ки «интихоботи Украина танҳо дар сурате демократӣ эътироф мешавад, ки дар он Юшенко ғолиб ояд». Аз нигоҳи муҳаққиқони соҳа сарпарастони «инқилоби норинҷӣ»-и Украина Хазинаи миллии дастгирии демократия, Оҷонсии рушди байналмилалӣ, Хазинаи Ч. С. Мотт, Хазинаи Форд, Хазинаи Сорос ва созмонҳои дигари америкоӣ буданд. «Миссионерҳо»-и фондҳои «ҷомеаи кушод»-и Сорос дар давраи интихоботи Украина ВАО-и зиддиҳукумативу ҳориҷӣ ва нозиронро ба маълумоти «зарурӣ» таъмин намуданд, ки натиҷаи чунин фаъолияти ВАО «инқилобҳои ранга» дар Украина, Гурҷистон, Қирғизистон, ҷанги иттилоотӣ миёни Русия ва Украина, Русия ва Гурҷистон, сардгардии муносибатҳои байналмилалӣ ва истиқлолияти Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ гардиданд. Чунин рафтори ВАО хусусияти характерноки ҳар як масс-медиаи абарқудратҳо гашта, омилҳои чунин хусусиятро касб намудани ВАО, пеш аз ҳама, дар кайфияти гегемонистии маданияти сиёсии абарқудратҳо нуҳуфтааст.

Мутобиқи назари коршиносони соҳа динамикаи рушди маданияти сиёсии элитаи сиёсии собиқ кишварҳои шўравӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ ва фаъолияти ВАО таъсири амиқ мегузорад. Мушоҳида мегардад, ки вақтҳои охир элитаи сиёсии кишварҳои собиқ шўравӣ дар баробари динамикаи ташаккул ва рушд аз Русия худро дур менамоянд. Элитаи сиёсии кишварҳои собиқ шўравӣ якчанд давраи раванди ташаккул ва рушди маданияти сиёсиро аз сар гузаронида, кўшиш карданд, ки дар системаи муносибатҳои байналхалқӣ мақоми навро пайдо созанд. Рушди маданияти сиёсии муосир элитаи сиёсии ИДМ-ро ба ташаккули доктринаи нави сиёсати байналхалқӣ оварда расонид, ки ба он муносибати тарфайни Гурҷистон, Украина, кишварҳои Осиёи Миёна ва ғайра бо Русия мисол шуда метавонад.

Маданияти сиёсии Тоҷикистони муосир давраҳои ташаккули худро аз сар гузаронида, сиёсати хориҷии фундаменталӣ, консепсияи илмии муносибатҳои байналмилалии худро ҳам бо давлатҳои ИДМ ва ҳам Аврупову Амрико ва ҳам кишварҳои араб муайян кардааст. Баробари баланд шудани шуури сиёсии элитаи сиёсӣ ҷумҳурии Русия дигар ҳамчун маркази ҷаззоби интегратсионӣ эътироф намешавад. Дар ин замина ВАО низ сиёсати воқеӣ, кайфияти элитаи сиёсии кишварҳоро ифода менамояд ва борҳо боиси нигаронӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ мегардад. Чунончи, вақти ба ихтиёри марзбонҳои тоҷик супурдани сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, як қатор расонаҳои иттилоотии Русия бо мақсади халалдор сохтан ва ба таъхир андохтани ҳалли ин қазия маводи зиёди иғвобарангез паҳну пахш карданд. Масалан, ҳафтаномаи «Литературная газета» мақолаи «Героиновое вторжение» («Таҳоҷуми героинӣ», №15, соли 2004)-ро чоп кард. Муаллифи он, узви кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният Сергей Громов бо мақсади ҳифзи манфиати гурўҳии баъзе генералҳои «сиёҳ»-и рус ва ҳамзамон паст задани обрўи сиёсии Тоҷикистон навиштааст, ки худи соли 2002 дар як вақт дар ҳудуди Тоҷикистон 800 тонна героин маҳфуз буд. Ё худ, баръакс дар баъзе расонаҳои хабарии Тоҷикистон нашр шудани матолиби «дар мавриди мубориза ба муқобили тоҷикон мақомоти расмии Русия скинхедҳоро дастгирӣ мекунад»-ро мақомоти расмии Русия нисбати хеш таҳқир ва кўшиши роҳбарони ин давлатро дар назди ҷомеаи Тоҷикистон душман нишон додан арзёбӣ намуда, ба ВКХ Тоҷикистон нота фиристод ва онро мақомоти расмии Тоҷикистон хуш напазируфт, ки муносибати байналмилалиро тезутунд менамояд. Бархўрди манфиатҳо дар ВАО муносибатҳои кишварҳоро халалдор ва кайфияти зиддирусиягиро боло месозад. Проблемаи мазкур дар ҷомеаи кулли кишварҳои собиқ шўравӣ ҳузур дорад. Тадқиқи оқибати ногувори амали ин тамоюл дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳам фаъолияти ВАО моро ба чунин андешаҳо водор намуд.

Муносибатҳои байналмилалӣ миёни ҷумҳуриҳо ва элитаи сиёсии Осиёи Марказӣ раванди ба худ хосро аз сар мегузаронад. Тамоюли муттаҳидшавӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мушоҳида мегардад. Вале муносибати элитаҳои сиёсии Тоҷикистону Ўзбекистон ва Тоҷикистону Туркманистон начандон созанда ба назар мерасад. Ин тамоюл дар оянда самтҳои асосии рушди сиёсати берунаи давлатҳои Осиёи Марказиро ташаккул ҳоҳад дод. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ проблемаи энергозахираҳо, истифодаи оби дарёҳои транссарҳадӣ яке аз масъалаҳои мураккаб ва низоъангез маҳсуб меёбанд. Нисбати масъалаи мазкур Русия ва кишварҳои минтақа мавқеъгирӣ намуда, аз ҳад зиёд ба сиёсат ангезиш медиҳанд. ВАО-и кишварҳои мухталиф ба ҳаллу фасли проблема обуранги сиёсӣ бахшида, ба оғози низоъ ва даргириҳо мусоидат намуда, қазияи мазкурро ҳамчун «Минаи дертарканда», «Бочкаи борут», «Секунҷаи Роғун», «Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба зону намезанад», «Сиёсати стандартҳои духўра» ва ғайра арзёбӣ менамоянд.

Проблемаи обиву энергетикии Осиёи Марказиро иҷронопазир шуморидан, дар ҳалли қазия иштироки тарафи сеюмро ногузир арз доштани расонаҳои хабарӣ ва сиёсатшиносони Русия ва масъаларо аз ҳад зиёд оҳанги сиёсӣ бахшиданашон боиси нигаронист. Рўзномаҳои бонуфузи Русия менависанд, ки дар густариши сиёсати хориҷии хеш Русия ҳамчун кишвари абарқудрат нисбати ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нишон дод, ки на ҳама вақт ба манфиатҳои онҳо назари якхела дорад ва ҳадафҳои геополитикию экополитикии хешро дар мадди аввал мегузорад. Инро сафари анҷомдодаи президенти вақти Русия Д. Медведов ба Тошканд собит сохт. Рафтори мазкур аз он бармеояд, ки элитаи сиёсии муосири Русия аз миллатгароён ва прагматикҳо иборат буда, нисбати Осиёи Марказӣ «сиёсати стандартҳои духўра» ва мавқеъгиронаро пеш мебарад – баҳо медиҳад матбуоти Тоҷикистон.

Воситаҳои ахбори омма агар аз як тараф миёни субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ низоъ барангезанд, афкори умумро манипулятсия намоянд, дар баробари ин нақши функсионалӣ ва прагматикии худро иҷро ва ба ҳалли объективонаи проблема мусоидат менамоянд. Барои мисол дар «Аsia-plus» чунин пешниҳоде матраҳ мегардад, ки аз Русия рўй натофта, бо дигарон ҳамкории стратегиро ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ аст. Asia-plus вазъи мавҷудаи муносибатҳои ҳамсарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистонро «Бочкаи борут» номад, ВАО-и Қирғизистон ин воқеаҳоро яктарафа баҳо медиҳад. Аксар ақида доранд, ки дар минтақа сомонаи «Фергана Ру» яке аз агентиҳои иттилоотии фаъол дар Осиёи Марказӣ буда, мекўшад, ки ҳодисоти минтақаро воқеъбинона тасвир намояд. Аҳолии наздисарҳадӣ баён дорад, ки «Фергана Ру» воқеабинона набуда, танҳо аз сарчашмаҳои Қирғизистон истифода мебарад. Дар ҳар ду маврид қувваҳои манфиатҷўй аз чунин рафтори ВАО бештар фоида гирифтан мехоҳанд.

Ҳамин тариқ, дуршавии элитаҳои сиёсии кишварҳои ИДМ як қатор муаммоҳо ва масъалаҳоро дар муносибати байналмилалӣ пеш меорад. Мутобиқи сиёсати Русия динамикаи рушди элитаи сиёсӣ дар кишварҳои собиқ шўравӣ бо усули регрессивӣ сурат гирад, аз нуқтаи назари ИДМ бошад, элитаи сиёсӣ мавқеи хешро дар системаи нави муносибатҳои байналмиллалӣ ҷиддӣ меҷўяд.

Баҳри пешгирии оқибатҳои ногувори ВАО дар муносибатҳои байналмилалӣ коркарди механизми доимӣ ва кушода, додугирифти иттилоотӣ миёни ҳокимият ва аҳолӣ бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сиёсати давлатӣ ва ҷамъиятӣ бошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ оиди таъсири амиқи иттилоот ба муносибатҳои байналхалқӣ, созанда ва сўзанда будани он ибрози ақида намуда, ҳушдор дод, ки дар сомонаҳои гуногуни Интернет як маъракаи огоҳонаву муғризонаи зидди Тоҷикистон идома дорад. Аз он бармеояд, ки ба доираҳои муайяни субъектони муносибатҳои байналхалқӣ соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон ва сиёсати бисёрсамтаи он хуш пазируфта намешавад. Бинобар таҳлили мутахассисон солҳои 2004-2007 аз тариқи сомонаҳои Интернет, ки дар Тоҷикистон маъмуланд, қариб 30 ҳазор хабару гузориш интишор ёфтааст. Зиёда аз 80 фоизи онҳо фақат аз тўҳмату бадгўӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгўиҳои бебунёд иборат мебошад. Ин раванди номатлуб боиси халалдор гардидани амнияти иттилоотӣ мегардад. «Ҷанги иттилоотие», ки тавасути ВАО бар зидди Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри 20 идома меёбад, мақсад дорад, ки мақому мартабаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст зада, миллати тоҷикро бадном намуда, мардумро дар ниҳояти кор ба ояндаи хеш ноумед созад. Президенти кишвар бамаврид таъкид намуд, ки «Манфиатҳои миллӣ тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бояд бошанд, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор дода, ба суботи ҷомеа мусоидат намоянд ва эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам созанд».

Таъсири фарогири воситаҳои коммуникатсияи оммавӣ ба шуур ва рафтори миллатҳо, ба фазои иттилоотӣ аз нақши бузурги «ҳокимияти чаҳорум» дар ҷомеаи муосир шаҳодат медиҳад. Баъзе муҳаққиқони коммуникатсияи оммавӣ бар он ақидаанд, ки дар оянда замони медиократия, ҳокимияти ВАО фаро мерасад, ки на танҳоҳақиқатро инъикос менамояд, балки онро ба низоми худ медарорад. Оиди афзоиши таъсири ВАО ба сиёсат, ба муносибатҳои байналхалқӣ фикрҳо гуногунанд. Баъзе муҳаққиқон, Масалан: О. Боффер ба ВАО ва нақши мусбии он ба сиёсат ва муносибатҳои байналхалқӣ ишора менамояд. Ў бар он ақида аст, ки ҷамъияти тараққикардаи иттилоотӣ давлатро ба сўи ҷамъияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд, ки қобилиҳалли проблемаҳои замони муосир шуда метавонад.

Муҳаққиқони дигар таъсири манфӣ ва харобиовари ВАО-ро ба фазои иттилоотӣ, ба шахс ва маданияти одамон зикр намуда, махсусан таъсири телевизиониро хеле манфӣ арзёбӣ менамоянд. Масалан: Федерико Феллинй чунин арзёбӣ менамояд, ки телевизион дар замони муосир аксар фоизи ҷомеаро фаро мегирад, ки дар назди шахс, табиат, дўстон, адабиёт ва ғайра ҳеҷ шуда мемонад.

Таърих гувоҳаст, ки ВАО қодир аст, ки ба қувваҳоигуногуни сиёсӣ хизмат намояд. Метавонад проблемаҳои муносибатҳои байналхалқиро ҳалнамояд ва баръакс миёни миллатҳо низоъ барангезад. Иштироки босалоҳияти субъектони сиёсати байналхалқиро таъмин намояд, бо фактҳои бардурўғ мусаллаҳ намояд, тафовуте ба вуҷуд оварад, нафрати оммавиро бедор созад, нобовариро эҳё созад, ки дар ниҳояти кор амнияти иттилоотиро ба хатар мувоҷеҳ месозад

Дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тағйироти системаи иҷтимоӣ-сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ворид мегардад. Падидаи возеҳи муосири ҷаҳонишавӣ ба ақидаи баъзе олимон «натиҷаи инқилоби иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ», ба вуҷуд омадани «тамаддуни нави умумиҷаҳонӣ» ба ҷои «ҷаҳони аврупоитабор» маҳсуб меёбад. Зери мафҳуми глобализатсия васеъшавӣ ва жарфтаршавии муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳо дар фазо ва вақт фаҳмида мешавад. Ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аксари муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ маданӣ ва сиёсӣ ҳарактери умумиҷаҳонӣ касб намояд. Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар шароити мушаххаси таърихии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлоти ба он пайванд бинобар якчанд омилҳо (...) ба сарнавишти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик таъсири дарозмуддати манфӣ дошта метавонад. Аз ҷумла: ҷаҳонишавӣ дар баробари манфиат ба ВАО-и Тоҷикистони муосир тадриҷан таъсири амиқи манфӣ мерасонад ва ба амнияти фазои иттилоотии кишвар таҳдид ба амал меоварад. Чунин таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори оммавӣ, ки дорои нерўи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад.

Дар замони муосир барои ҳар як мамлакат таъмини амнияти иттилоотӣ проблемаи муҳиме гаштааст. Тоҷикистон, чун Русия ва мамолики дигар дар соҳаи амнияти иттилоотӣ сиёсати хешро дорад. Вай пеш аз ҳама, мутобиқи манфиатҳои миллии худ Консепсияи амнияти иттилоотиро таҳия менамояд. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи ақидаҳои расмиро ба мақсад, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мекунад, ки барои ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи таклифҳо барои такмили таъмини ҳуқуқӣ, методӣ, илмӣ-техникӣ ва ташкилии амнияти иттилоотии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи барномаҳои мақсадноки таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун асос хизмат мекунад. Дар ин ҷода ҷумҳурии мо бо Русия тафоҳуми пурра дорад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигори рўзномаи «Труд» боэътимод таъкид карда буд, ки «дар мо кайфияти зиддирусиягӣ мавҷуд нест». Аз ин лиҳоз ҳар ду давлатро зарурат нест, ки барои амнияти иттилоотии хеш чораҳои зидди якдигар андешанд. Дар ҳифзи рушди фазои ягонаи информатсионӣ ва фарҳангӣ, ки омили асосии амнияти иттилоотист, воситаҳои ахбори омма нақши бузург мебозанд, ки ин бешубҳа омили мусбии суботи сиёсии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо мегардад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои охир зидди Тоҷикистон ҷанги информатсионӣ вусъат гирифтааст. Баъзе аз расонаҳои хабарии Русия, Ўзбекистон ва дигар давлатҳо кишвари моро ба таври сохта чун «минтақаи муташанниҷ» ва чун кишвари таъминкунандаи маводи мухаддир нишон дода, эътибору нуфузи онро паст заданӣ мешаванд. Дар аксари барномаву мақолаҳои онҳо танҳо қочоқгарони тоҷикистонӣ паҳнкунандагони ин мавод ба Русия ва мамолики Аврупо арзёбӣ мегарданд. Аммо мутобиқи маълумоти ташкилотҳои байналҳалқӣ ба Русияву Аврупо нисбат ба Тоҷикистон дида, аз Ўзбекистон ва Туркманистон маводи мухаддир бештар таҳвил мешавад.

Суханони таҳқиромези баъзе аз сиёсатмадорони Русия, наворҳои пасткунандаи шаъни тоҷикистониён боиси эътирозу бадбинии ин мардум шуданаш аз эҳтимол дур нест. Бинобар зарур аст, то ташвиқоти зиддитоҷикӣ дар васоити ахбори оммаи ин кишвар бартараф сохта шуда, барномаҳои ахбори Тоҷикистон дар шабакаи телевизионии Русия аз тарафи худи журналистони телевизиони тоҷик таҳия карда шаванд. Бояд байни Тоҷикистону Ўзбекистон чун пешин пахши дуҷонибаи телерадиобарномаҳо ба роҳ монда шавад. Ин қадамест барои бунёди фазои ягонаи иттилоотӣ дар минтақа.

Бояд гуфт, ки нисбати амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди хавфи дохилӣ низ имконияти пайдо шудан дорад. Нерўҳое, ки зидди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, дар кишвари мо мавҷуданд. Онҳо аз фазои холии иттилоотии мамлакат моҳирона истифода намуда, маълумоти харобсоз, нобоваронаро паҳн менамоянд. Барои бадастоварии маълумот аз тарафи журналистон дар муассисаҳои давлатӣ монеаҳо кам нестанд. Ин аст, ки далелҳои коррупсия, аз мансаб суйистеъмолкунии ходимони давлативу ҳукуматӣ ошкор намешаванд.

ВАО-и электронии ҳамсоядавлатҳо дар минтақа босуръат ва пурмаҳсул рушд менамоянд ва фазои холии иттилоотии Тоҷикистонро бомуваффақият фаро мегиранд. Аз ин нуқтаи назар ҷаҳонишавии ВАО ва рушди технологияи нави электронӣ (интернет) имрўз аз тарафи ВАО-и хориҷӣ проблемаи экспансияи фазои иттилоотии ҷумҳуриро тавлид сохтааст. Проблемаи экспансияи ВАО-и хориҷӣ, хусусан дар ноҳияҳои сарҳадии ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадааст. Масалан, фазои иттилоотии ноҳияҳои Исфара ва Конибодомро якбора якчанд шабакаву барномаҳои телевизиони Ўзбекистон ба мисли «Ўзбекистон» (шабакаи 1-уми телевизиони Ўзбекистон), «Ёшлар», телевизиони Андиҷон, Фарғона, Намангон, Марғилон ва ТВ Қирғизистон фаро мегирад. Дар баробари ин 70 ҳазор аҳолии ҷамоаҳои калонтарини Исфара – Чоркўҳ ва Ворух телевизиони тоҷикро имконияти истимоъ надоранд. Дар вилояти Суғд, умуман 15 шабакаи телевизион ва 6-7 радиостансияи хориҷӣ (асосан Ўзбекистон) пахш мегардад. Вақтҳои охир фаъолияти ВАО-и ҷумҳурии ҳамсоя дар вилояти Хатлон (ноҳияҳои Шаҳритуз ва Турсунзода) вусъат ёфтааст. Fайричашмдошт мавқеи телевизиони тоҷик дар ВАБК ба ҳисоби фоиз 99,3 фисад, телевизиони Русия 79%, "Сафина" 41% фазои иттилоотиро ташкил медиҳад. Телевизиони навтаъсиси «Сафина» доираи пахши телевизиони рақиби хеш – «Россия»-ро танг намудааст. Бархе аз олимон ақида доранд, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакат метавонад таҳдид ба бор оварад. "Тибқи мафҳуми амнияти иттилоотии ҶТ ҳолати ҳифзшавандагии манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот бо назардошти манфиатҳои баробари шахс, ҷомеа ва давлат фаҳмида мешавад".

Вақтҳои охир дар саҳифаҳои Интернет "ҷангҳои иттилоотӣ" бар зидди барномаҳои калонҳаҷми энергетикӣ ва металлургии тоҷик иншошуда танҳо падидаҳои аввалини таҳдид мебошад. Интернет дар кишвари мо на ба ҳама дастрас аст ва доираи васеи хонандагонро соҳиб нест. Вале дар ҳолати бар зидди Тоҷикистон истифода гардидани "яроқи зўр" - телевизион ва радио таъмини амнияти иттилоотӣ, бешак, проблема хоҳад шуд. Ин ҷо бояд ҷанги иттилоотӣ дар барномаҳои телевизиони Русия бар зидди Юшенко ва Саакашвилии номақбул мавриди зикр шавад. Вақте ки Президенти Белорусия Лукашенко муқобили "Газпром" баромад намуд, ў низ мавриди ҳуҷуми иттилоотӣ қарор гирифт. Дар чунин маврид тасаввур кардан мумкин аст, ки ВАО-и хориҷӣ Тоҷикистонро дар кадом вазъ қарор ҳоҳанд дод.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.

Қобили зикр аст, ки ин дастгоҳи муқтадири иттилоотӣ дар бобати сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои таърихиву фарҳангии мардум ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин ахбору навигариҳо аз дохилу хориҷи кишвар мавқеи асосӣ дорад. Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ шабакаҳои иттилоотии мамлакат хеле рушд карда, имрўз инфрасохтори соҳа ба шароит ва талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шудааст. Таъсиси шабакаҳои нави телевизионӣ ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии кишвар ба иттилооти зарурӣ мусоидат менамояд. Дар чунин марҳала пурра гардонидани фазои иттилоотии кишварамон ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар буда, воситаҳои ахбори омма, бахусус шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ нисбат ба дигар расонаҳои иттилоотӣ бояд фаъол бошанд. Зеро телевизион ва радио ҳамчун яке аз василаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мақоми хосса дошта, дар баробари дигар хизматҳо метавонад дар огоҳонидан ва пешгирӣ кардани хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дошта бошад. Барои расидан ба чунин ҳадафи созанда дар баробари дигар шабакаҳо муассисаҳои навтаъсис низ бояд ҳамаҷониба омода бошанд.

Роҳбари кишвар таъкид намуд, ки дар замони таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва тезутундшавии зиддиятҳои геополитикӣ ахбор ва гузоришҳои телевизиону радио ҳамчун воситаи муҳимми таъсиргузории сиёсӣ барои таъмини амнияти давлатҳо нақши калидӣ доранд. Ҳар як кишвар ё ҳукумате, ки дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб мегардад, амният ва пойдории сохти конститутсионии худро ҳифз карда наметавонад. Тавре ки ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷумҳуриҳои пасошўравӣ ва кишварҳои Шарқи Наздик нишон доданд, «инқилобҳои ранга» аввал дар фазои иттилоотӣ амалӣ гардида, сипас ба воқеияти сиёсӣ табдил ёфтанд.

Боз як масъалаи муҳимро таъкид кардан бомаврид аст, ки баъзе доираҳои манфиатҷўй воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун фишанги таъсиррасонӣ ба фарҳангу маданият ва давлатдории миллии тоҷикон моҳирона истифода бурда, ба ин васила мехоҳанд ҳадафҳои душманонаи хешро амалӣ гардонанд.Тарғиботи идеяҳои мухолиф ба арзишҳои миллӣ аз тарафи хоинони миллат, парастиши радикализми динӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротӣ ба сохти конститутсионӣ пайомадҳои хатарнок дорад. Дар натиҷаи пайдо шудани холигоҳи иттилоотӣ ҳоло як қисми аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон таҳти таъсири рўҳониёни мутаассиб ва хурофотпарасту ифротгаро, ки барои онҳо мафҳумҳои «миллат», «давлатдории миллӣ», «истиқлолияти миллӣ», “дунявият”, «тараққиёт», «илм» ва «техника» бегонаанд, қарор гирифтаанд. Омили мазкур яке аз сабабҳои асосии гаравиши ҷавонон ба сафи созмонҳои террористӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” маҳсуб меёбад. Дар чунин вазъ зарур аст: якум, дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба намоиши барномаву филмҳҳои пуртаъсир, матлабҳои нишонрас ва ифшосозандаи ҳадафҳои зишту хатарбори ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин наворҳои ҷавобгў ба манфиатҳои давлатдории миллӣ афзалияти бештар дода шавад. Дуюм, барои дур кардани таваҷҷуҳи насли ҷавон аз тамошои шабакаҳои тарғибкунандаи мафкураи зўровариву ифротгароӣ барномаҳо, мусоҳибаҳо ва филмҳои дорои мазмуни баланди маърифативу ахлоқӣ ва худшиносиву ватанпарастӣ намоиш дода шаванд. Сеюм, дар ин самт зарур аст, ки Шўрои бадеӣ фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиро дар асоси талаботи замони муосир, нишон додани посухи сазовор ба “ҷангҳои иттилоотӣ” ба муқобили Тоҷикистон, истифодаи суруду мусиқии баландмазмун ва саволу ҷавобҳои муассири телефонӣ бо шунавандаҳо таҳти назорати доимӣ қарор диҳад. Чаҳорум, рўзноманигорони мамлакатро зарур аст, ки вобаста ба таҳаввулоти замони муосир тарғиби сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамонро бештар ба роҳ монда, ба хотири таъмини амният ва ҳифзи ин сарзамини муқаддас аз тамоми нерў ва қобилияти эҷодии худ истифода намоянд. Зеро гузашти замон нишон дод, ки рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ягонагӣ сахт вобаста мебошад.

Баҳри таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва дифоъ аз экспансияи иттилоотии кишварҳои хориҷӣ чӣ бояд кард?

Пеш аз ҳама бояд ба рушди васоити ахбори оммавии ҷумҳурӣ мусоидат кард ва фазои холии иттилоотии саросари кишварро пур намуд. Айни замон дар кишвари мо 70 муассисаи телевизиониву радиоӣ фаъол буда, аз ин ҳисоб 9 телевизион ва 10 адад радио давлатӣ, 31 телевизион ва 20 радио ғайридавлатӣ мебошад. Бояд гуфт, ки фазои иттилоотии кишвар ҳанўз осебпазир буда, таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд мебошад. Алҳол мавҷҳои телевизиони «Шабакаи якум» 99,7 фоиз, «Сафина» 84,6 фоиз, «Баҳористон» 84 фоиз ва «Ҷаҳоннамо» 75,7 фоизи ҳудуди мамлакатро фаро гирифтаанд, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир қонеъкунанда нест. Ҳатто дар шаҳри Душанбе бинобар паст будани мўҳтавои барномаҳои телевизионҳои давлатӣ ва камбудиҳои техникӣ қисми муайяни аҳолӣ онҳоро тамошо намекунад. Вақти он расидааст, ки ба рушди ин соҳа таваҷҷўҳу маблағгузории хусусии дохилӣ равона карда шавад.

Ин масъаларо низ дар назар бояд дошт, ки телевизиону радиоҳои маҳаллии ғайридавлатӣ ё хусусӣ аксаран пойбанди манфиатҳои молиявӣ буда, бештар иттилооти тиҷоратӣ, реклама, барномаҳои каммазмуни фароғатӣ пахш мекунанд ва ба мавзўъҳои тарбиявӣ, ватандўстӣ, худшиносии миллӣ ва тарғиби сиёсати Ҳукумат муносибати ҷиддӣ надоранд.

Яке аз мушкилоте, ки дар пеши роҳи инкишофи ВАО меистад, масъалаи литсензия мебошад. Барои дастрас намудани литсензия кулли мамониятҳоро рафъ намуда, ба мақсади дастёрии ин соҳаи бизнес (тиҷорат) системаи имтиёзҳоро муҳайё сохтан зарур аст.

Солҳои охир аксар мамлакатҳои дунё кўшиши сохтани ҷомеаи глобалии иттилоотиро доранд. Лекин рушди иттилоотикунонӣ дар баъзе кишварҳо бинобар як қатор омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва техникӣ боздошта шудааст. Кишварҳои дараҷаи гуногуни тараққиётдошта ба рушди Интернет муносибати хоса менамоянд. Дар Тоҷикистон, ки кишвари начандон инкишофёфта аст, вазъи инкишофи Интернет дар зинаи аввал қарор дорад. Дар айни замон баъзе омилҳои сиёсӣ садди роҳи рушди Интернет мегарданд. Фармони Вазорати алоқа оид ба пўшидани сайтҳои Интернет (Centraasia.ru, fergana. ru, charogi ruz.ru), ки гўё «сиёсати давлатӣ»-ро халалдор мекарда бошад, мисоли ин гуфтаҳост. Бархе аз коршиносон бар он ақидаанд, ки дар сайтҳо "даъватҳои оҳанги миллатгароӣ ва бадбинии нажодӣ, манипулятсияи иттилоотӣ, поймоли ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони алоҳида ҷой доранд ..., ки баъзеи онҳо сарчашмаи таҳдид ба амнияти иттилоотии кишвари мо мебошад".

Мавҷуд набудани қонун дар бораи танзими фаъолияти ннтернет дар Тоҷикистон низ яке аз омилҳои тараққиёти сусти ин соҳаи коммуникатсияи оммавӣ мешавад. Тибқи фармони Президенти ҶТ оид ба «Консепсияи амнияти иттилоотӣ» баҳри таъмину пур намудани фазои холии иттилоотии кишвар ҷустани чораҳо ба мақад мувофиқ аст.

Аввалин Форуми матбуоти форсизабон ба ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотии халқҳое, ки дар доираи забони форсу тоҷик муошират менамоянд, мусоидат менамояд. Иштирокчиёни Форум пешниҳоди ташкили телевизиони форсизабонро карданд, ки фазои иттилоотии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро фаро гирад ва он метавонад кафилу гарави таъмини бехатарии иттилоотӣ бошад. Тавассути ҳавзаи иттилоотии Русия барои мо на танҳо дарҳои Русия, балки Ғарб ҳам кушода мегардад. Дар баробари ин моро зарур аст, ки ба ҳавзаи иттлоотии форсӣ ворид гардем.

Раванди ҷаҳонишавӣ ба забони тоҷикӣ низ таъсир мерасонад. Бинобар поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва салосату шевоии онро ҳифз кардан вазифаи аввалиндараҷаи ВАО маҳсуб меёбад. Бо назардошти раванди ҷаҳонишавии тамаддуни иттилоот бояд чораҳо андешид, ки рўзноманигории тоҷик бо забонҳои русӣ ва ҳам англисӣ низ вусъат ёбад ва рақобатпазир бошад.

Тамоюли вусъатёбии мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди Интернет, коркарду пахши барномаю ахборот ва густариши алоқаи моҳворавӣ, имкониятҳои шабакаи телевизионӣ ва технологияи компутерӣ чуноне ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, "…фосилаи фазою вақт ва макону замонро кўтоҳ карда, чун қосиди ҷаҳонишавӣ ба мо аз бурду бохти иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, техникаву технологияи муосир ва соири риштаҳои дигари фаъолияти башарият маълумот мерасонад». Чунин вазъият, бешубҳа, рақобати пурзўрро дар байни расонаҳои хабарӣ баҳри ба даст овардани фазои иттилоотӣ фароҳам сохтааст. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро зарур аст, ки худро ба шароити нав мутобиқ намуда, дар таҳаввулоти муосири илмиву техникӣ, бахусус дар робита ба амалӣ кардани технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ фаъолона ширкат варзанд.

Омили дигаре, ки дар таъмини амнияти иттилоотӣ нақши воситаҳои ахбори оммаро муайян менамояд, муаммоҳои масъулияти иҷтимоӣ ва экологияи воситаҳои ахбори омма маҳсуб меёбад. Дар замони муосир мафҳуми «экология» маънои васеъро касб мекунад. Дар солҳои 70-уми асри ХХ экологияи иҷтимоӣ ҳамчун илми мустақил ташаккул ёфт, ки муносибати ҷомеа бо табиат ва унсурҳои биологӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, ҷуғрофӣ ва ғайраи онро меомўхт. Аз ҷумла, унсури муҳими ҳаёти ҷомеаи муосир гирифтан ва паҳну пахши иттилоотро низ мавриди омўзиш қарор медиҳад. Дар ҷаҳони муосир аҳамияти ВАО на танҳо ҳамчун сарчашмаи ахбор беҳад афзудааст, балки ҳамчун институт ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт, махсусан ба афкори умум таъсири амиқ мегузорад.

Ҳар як ҷамъият фазое мебошад, ки коммуникатсияи оммавӣ онро идора мекунад. Маҳз ВАО, пеш аз ҳама, мавзўи рўзро, яъне мавзўи муҳими иҷтимоиро, ки шаҳрвандон баҳсу муҳокима менамоянд, муайян менамояд. Натиҷаи ин таъсири ВАО ба афкори ҷомеа чунин эҳтимолиятро тақозо менамояд:

- дар ҷомеа бедор кардани таваҷҷўҳ ба баъзе проблемаҳо, ба одамон, ташкилотҳо ва ғайра;

- бо таъсиру таваҷҷўҳи ВАО ба вуҷуд омадани тағйирот дар ҷомеа;

- баррасии проблемаҳо дар ВАО метавонад ба барномаи фаъолияти як қатор гуруҳҳои ҷамъиятӣ, масалан, қонуннигорон ва сиёсатмадорон таъсир расонад.

Бо ибораи дигар, коммуникатсияи оммавӣ метавонад ба воқеият ва афкори умум, шуури одамон таъсир расонад, проблемагузорӣ ва мавқеи одамон ва гуруҳҳоро муайян намояд. Вобаста ба ин савол ба миён меояд: мақсади таъсиру амали ВАО ба воқеият, шуур ва афкори умум аз чӣ иборат аст? Ҳадду канори таъсир то куҷост ва ин ба шахс чӣ гуна таъсир мекунад? То чӣ андоза ва кай шахсро бо ахбор таъмин менамояд, ба маърифатнокии он, ба шароити он, ба ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд, кай озодӣ ва ҳуқуқи шахсро вайрон менамояд, ба ҳолати рўҳӣ ва саломатии он таҳдид ба бор меоварад? Оқибати таъсири ВАО ба воқеият, шуур ва рафтори одамон чӣ гуна аст? Оё вай ба ягонагии ҷомеа, болоравии ахлоқ, рафтор ва маданияти он мусоидат менамояд?

Дар аксар ҳолат воситаҳои ахбор оммаро айбдор менамоянд, ки онҳо дар ҷомеа на танҳо тухми некӣ, адолат, ахлоқи ҳамида, масъулиятнокӣ, балки бадӣ, бадахлоқӣ, рафтори зишт ва ғайраро низ паҳн менамоянд. Дарвоқеъ, проблемаи мазкур то андозае, ҷой дорад ва актуалӣ мебошад. Озодии ВАО дар баробари дигар озодӣ на танҳо арзиши олӣ, шарти демократияи ҳақиқӣ, балки истифодаи озодӣ бо мақсади нопок хавфнок аст. Озодии ВАО баҳри рушди ҷомеа ҳамон вақт арзишнок аст, ки бо масъулиятшиносӣ ҳамоҳанг мебошад. Масъулиятшиносии ВАО, пеш аз ҳама, дар ахбори аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки паҳну пахш мегардад, ифода меёбад.

Проблемаи муносибат миёни масъулият ва озодии ВАО хеле мураккаб мебошад. Ин муносибат ҳамеша пур аз ихтилоф аст, ки дар ҳар як мавриди мушаххас ҳалли худро тақозо менамояд, талаб менамояд, ки барои ҳалли ихтилофҳо механизм ва сохтори муайян сохта шавад, журналист дорои сифату маҳорати мувофиқ бошад. Хуллас, ахбори тозаву экологӣ дар худ имконият дорад, ки ба инкишофи зеҳнии шахс, дараҷаи саводнокии он, аз хабарҳо огоҳ будани он, ба дарк кардани воқеият ва ҳодисоти гирду атроф мусоидат намояд. Имконият дорад, ки ахлоқ ва маданияти шахсро баланд бардорад, ба кори ҷамъиятӣ сафарбар намояд. Дар баробари ин сифати ахбори экологӣ аз рушду такомули муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста аст.

Мутобиқи гуфтаҳои боло ахбори экологӣ ва масъулиятшиносии воситаҳои ахбори оммаро бояд тарзе масъалагузорӣ намуд, ки оё он ба оромии ҷомеа, ба ташаккули муносибатҳо миёни гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, миёни ҳалқҳо, шаҳрҳо, ташкилотҳо ва амнияти иттилоотӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин хабаррасонии оддиро ба шаҳрвандон ба таври комил ахбори экологӣ ҳисобидан нашояд, чунки бояд иттилоъ бо назардошти акси садо ва фикру ақоиди сомеон сурат гирад ва таҳқиқи акси садо аз мавқеи хонандаюшунаванда ва ақаллият холӣ нест. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон (аз 7 феврали соли 2009, № 622) дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма қабул намуд, ки ҳам масъулияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳам масъулиятшиносии субъектони коммуникатсияи оммавиро афзун менамояд (ниг.: 9). Ҳамон як хабари ВАО-ро шунаванда пур аз ихтилофу гуногунранг дарк менамояд. Масъалаи ахбори экологӣ ва масъулиятшиносии ВАО-ро бе назардошти менталитети муштариён баррасӣ намудан нашояд. Ҳамон як барномаи дар Тоҷикистон ва Москва пахшкардашуда тамоман таассуроти мухталифро ба вуҷуд меорад. Ин ё он ахбори ВАО агар барои як гурўҳи сомеон аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, барои дигар гурўҳ баръакс мебошад.

Иттилооти ғайриэкологӣ ба фазои иттилоотӣ ва дар таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон хатар эҷод мекунад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум» ва Консепсияи амнияти иттилоотӣ ҷиҳати масъулияти ниҳодҳо ва масъулони воситаҳои коммуникатсионӣ ҳини чоп, паҳну пахши иттилооти тозаву безарар меъёрҳо муайян шудааст.

Ба ақидаи мо ба экологияи васоити ахбори оммавии электронӣ диққати махсус додан, сифати ахбор ва барномаҳои электониро беҳтар кардан, ба ахбори низоъангез роҳ надодан, талаботро ба дараҷаи маданият ва имконияти маърифатии барномаҳо афзун намудан дар таъмини амнияти иттилоотӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Вагарна ВАО манфиати гурўҳҳои алоҳидаро бар зарари ҷомеа ифода намуда, нисбати барномаҳои хеш нобоварии оммаро тавлид сохта, амнияти иттилоотиро халалдор менамоянд. Масалан, ахбори дурўғу ғаразнок оиди воқеаи садамаи Чернобил на танҳо ба вазъи иҷтимоии ҷомеа, балки бевосита ба саломатии шаҳрвандон хавфу хатар дорад. Дар ҳаёти ҳаррўза ҳар як одам ба таъсири реклама рў ба рў мегардад. Дуруст аст, ки он ба буҷаи ВАО даромад меорад, вале ҳуҷуми реклама авзои психологиро танг карда, то ҷое ба вазъи ногувори иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Ширкатҳои рекламавии сигор ва нўшокиҳои спиртӣ ба зарари он нигоҳ накарда ба истеъмоли он ҳидоят мекунанд.

Экологияи васоити ахбори оммавӣ ба масъулиятшиносии он ҳангоми чопу нашри мавод сахт марбут аст. Инъикос ва бевосита паҳну пахши ҳодисаи гаравгон гирифтани «Норд-Ост» тавассути барномаҳои радио ва телевизион мисол шуда метавонад. Ба моҳияти ҷамъиятии ин воқеа нигоҳ накарда нақши воситаи электронии ахбори оммавӣ дар инъикос ва паҳну пахши он хеле баҳсталаб мебошад. Чӣ хел сурат гирифтани ҳодиса на танҳо аз шаклу воситаи паҳну пахш, балки аз факту рақам ва тарзу роҳи он вобаста аст. Репортаж метавонад мустақим бошад ва ғайримустақим. Аз тарафи террористон истифода намудани репортажи мустақим барои муайян кардани ҳаракатҳои минбаъдаи хеш истисно нест, ки ба ҳаёту саломатии одамон таҳдиди ҷиддӣ мекард. Думаи давлатии Федератсияи Россия тағйиру иловаҳоро ба қонун оид ба ВАО то акти террористӣ дар шаҳри Москва тайёр карда буд. Бори дуюм 23 октябр дар рўзи террор мавриди муҳокима қарор гирифт. Баъд аз ғасби «Норд-Ост» бори сеюм муҳокима ва бе ихтилоф аз тарафи Шўрои Федератсия қабул гардид. Тағйиру иловаҳо бар зидди зуҳуроти террористӣ дар қонун баҳсу мунозираи беҳадро ба миён овард. Вай истифодаи ВАО ва ахбори компутериро барои тарғиб ва ҳақ баровардани терроризм ва экстремизм манъ кард.

Давлат аз ҷиҳати қонунӣ озодии баён ва матбуотро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба матбуот ва дигар васоити ахбори оммавӣ» тасдиқ ва эълон намуда, дар дасти худ якчанд роҳу воситаи таъсиррасониро ба «ҳокимияти чорум» нигоҳ дошт. Ин на танҳо ба Тоҷикистон, балки ҳам ба Россия, ИМА ва ҳам ба дигар кишварҳои мутараққӣ низ дахл дорад. Масалан, дар вақти амалиёти ҷангӣ дар Ироқ кулли ахбор ба воситаи сензорҳои низомӣ мегузашт. Сиёсати андоз нисбати ВАО, додани литсензия, аренда, аккредитатсияи ҳатмии журналистон, бақайдгирии васоити иттилоотӣ, дахл ба сохтор ва фаъолияти васоити иттилоотӣ ва ғайра метавонад барои мақсадҳои ғаразнок, манъ ва ё маҳдуд намудани фаъолияти журналистӣ истифода гардад. Ҳокимият имкониятҳои зиёди маҳдуд кардани фаъолияти ВАО-и мухолифро дорад.

Аз дигар ҷиҳат ҷомеа ва давлат то чӣ андоза пурмаҳсул ва бо ёрии кадом воситаҳо метавонад ВАО- ро назорат намояд, то ки аз як тараф, мақомоти назоратӣ ва меъёрҳои санадӣ ба фаъолияти рўзнома, радио, телебарномаҳо халал нарасонад, аз дигар тараф, давлат бояд чунин шаклҳои назоратро пайдо намояд, ки пеши роҳи ахбори ғаразнокро гирад ва ВАО воқеан ахбори этикӣ, экологӣ ва барои ҷомеа муҳимро паҳну пахш намояд. Дар ин системаи мураккаб фактори субъективӣ нақши муҳимро мебозад, яъне кӣ барнома месозад, кӣ соҳиби ВАО аст ва кӣ фаъолияти онҳоро назорат мебарад. Маҳз барои ҳамин нақшу фаъолияти институтҳои ҷамъиятии назоратӣ ба мисли Шўроҳо, жюриҳо, инчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим доранд.

Зикр карда шуд, ки дар муайян кардани сифати ахбори экологӣ нақши муштариёни ин ё он воситаи ахбори оммавии конкретӣ басо муҳим аст. Дар ин маврид ҷараёни ҳамкории ВАО ва сомеонро дида баромадан ба мақсад мувофиқ аст. Воситаи ахбори оммавӣ имконияти коммуникатсияи индивидуалиро дорад. Дар интернет сайтҳое мавҷуданд, ки одамони ғайримаъмулию ғайрианъанавии рафтор метавонанд ба таври озод бо ҳам шинос шаванд ва муносибат кунанд. Ин ба як гуруҳи иҷтимоӣ мақбул бошад, ба ҳиссаи дигари ҷомеа ғайриахлоқӣ маҳсуб меёбад. Проблемаи масъулиятшиносии ВАО, албатта, аз баррасии мавзўи моҳияти умумиҷамъиятӣ дошта вобаста аст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Тоҷикистон як қатор институтҳое зуҳур карданд, ки фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро назорат ва танзим менамоянд. Вале ҳар яки онҳо танҳо ба як ҷиҳати фаъолияти ВАО, яъне ба масъалаи экология ва ҷиҳати ахлоқии ахбор, дигар, ба фаъолияти ҳуқуқӣ, ба фаъолияти пулию молӣ ва ғайра масъуланд. Боиси таассуф аст, ки ҳоло сифати фаъолияти институтҳои мазкур баҳспазир аст. Ин дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи электронӣ бараъло намудор аст.

Мафҳуми ахбори экологӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири меъёри талабот нисбати фаъолияти матбуот, барномаҳои радио ва телевизион баромад мекунад. Масалан, муҳаққиқон талабот ва меъёрҳои зеринро нисбати ахбори аз ҷиҳати экологӣ тозаи васоити ахбори оммавӣ муайян намудаанд (7, м. 159-160). Якум талабе, ки бояд ахбори сифатан тоза фаро гирад, ин мавҷудияти «бозори ахбор» мебошад. Ахбор бояд бо назардошти гуруҳҳои гуногуни аҳолӣ, хусусиятҳои регионалӣ ва маданӣ пешкаш гардад. Теъдоди зиёди барномаҳои телевизион ва радио рақобатро ба миён меоварад, ки ба сифати мундариҷаи он, ба муътамадӣ, боварибахш ва ба маврид будани он таъсири мусбӣ дорад.

Талаботи сонӣ озодии афкор аст. Чӣ қадаре, ки бозори ахбор рушд ёбад, ҳамон қадар ба озодии баён шароит фароҳам меорад (агар вай ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба матбуот ва дигар васоити ахбори оммавӣ» мухолифат накунад). Дар баробари он, ки саҳифаҳои худро барои ифодаи озодии баён пешкаш менамояд, ВАО бояд, инчунин, ба тарафи муқобил барои баёни ақидаи хеш имконият фароҳам орад.

Дар назари мо рафтору амали боадабона дар ахбори аз ҷиҳати экологӣ тоза хеле муҳим аст, яъне ахбори моҳияти умумиҷамъиятӣ дошта бояд барои бинанда ва шунаванда дар вақти мувофиқ бо назардошти ақидаҳои гуногун паҳну пахш карда шавад.

Меъёри дигар мизони иттилоотист, яъне манфиати ин ё он гуруҳи сиёсиро дифоъ накардан. Чӣ тавре ки зикр гардид, ҳифзи манфиати гуруҳи муайян, фишор овардан дар аксар маврид бар зидди манфиати ҷомеа қарор мегирад.

Масъулияти касбӣ меъёр ва талаботи муҳим буда, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кардан ҳам ба худназоратӣ, ҳам ба масъулиятшиносиву дақиқкории журналист ва ҳам ба ҷиҳати ахлоқии ахбор ва амсоли инро тақозо менамояд.

Экологияи электронӣ. Ахбори пешниҳодшуда бояд моҳиятан ба дараҷаи маданият ва маърифати бинанда ва шунаванда мутобиқ бошад.

Меъёри баъдӣ нигоҳ доштани якпорчагӣ мебошад. Ҳифзи якпорчагии асарҳои санъат, барномаҳоро таъмин намуда, онҳоро бо реклама халалдор нанамудан. Хусусияти реклама ҳамин аст, ки бо мақсади мутаваҷҷеҳ сохтани бинанда якбора дар миёни барнома рў мезанад ва то ҷое одамро асабонӣ месозад. Реклама метавонад барномаи футбол ва ҳатто филми бадеиро боздорад. Дар ин маврид талаботи тамошобинро ҳеҷ кас ба эътибор намегирад. Ҳиссиёте, ки ҳини тамошои филм ва ё барнома ҳосил мешавад, канда мешавад, вайрон карда мешавад, халалдор мегардад. Классика бо рекламаи собун ва ё резина дар як сатҳ қарор мегирад.

Кафолати адолат. Воситаҳои коммуникативии радио ва телевизион бояд фикру дархости Шўрои ҷамъиятии ВАО-ро ба эътибор гирад, ба обрў ва эътибори Шўро тобеъ бошад, ки он ҳамчун кафили оромӣ ва адолати паҳну пахши иттилоотӣ баромад мекунад.

Принсипи ҳамкорӣ. ВАО фаъолияти хешро тибқи принсипҳои «Декларатсия оид ба ВАО ва ҳуқуқи инсон» қарор диҳанд (ниг.: 18).

Бозори озоди иттилотӣ ва танзими давлатӣ, назорати ҷамъиятӣ ҷузъи таркибии матбуоти сифатан ба талабот ҷавобгў ва ахбори сифатан тоза мебошад. Вале танҳо мавҷудияти механизми номбаршуда кофӣ нест. Ҷузъи чудонопазири масъулиятшиносии ВАО этикаи журналистӣ ва адолати иҷтимоии масс-медиа маҳсуб меёбад. Профессори университети Париж Клод Жан Бертран таснифи системаи масъулияти ВАО-ро, ки ба ду принсип асос меёфт, пешниҳод намуд. Ба принсипи аввал кодекси этикӣ, дастурҳое, ки ба ходимон принсипҳои рафтори этикиро мефаҳмонад, сандукҳо барои шикоят, «мактуб ба муҳаррир» ва дигар воситаҳои дастрас, чопи факту рақам ва ақоиди аз тарафи ВАО-и рўзмарра ва дурўғ баён шуда дар ВАО-и дигар, гузориши журналистӣ, ки ба танқиди ВАО ва баррасии фактҳои дурўғ, ки дар ВАО роҳ ёфтаанд, равона карда мешавад, ба омма расонидани қарорҳои ҳокимияти давлатӣ нисбати ВАО ва ғайра дохил мешаванд. Ҷузъи дигари таркибии системаи назоратӣ, ба ақидаи Клод Жан Бертран, тайёрии касбии журналист ва тадриҷан баланд бардоштани малакаи касбии онҳо, вохўрии пай дар пайи ходимони ВАО бо шаҳрвандон, назорати рафтори аҳлоқӣ ва касбии воситаҳои коммуникативӣ мебошад.

Принсипи дуюм ба он асос меёбад, ки кадом мақомот, кадом муассиса дар системаи назоратӣ шомил аст: назорати дохилии ВАО ва назорати беруна, ки ба ВАО тобеъ нест.

Ба фикри мо бояд дар раванди назорат ба акси садо диққати махсус дод. Аз як тараф, ахбор то хонанда рафта расад ва аз дигар тараф, бояд ў оиди проблема фикри хешро баён созад. Дар ин маврид, махсусан, акси садои «манфӣ», яъне ахбор дар бораи хатогиҳо, дағалиҳо, камбудиҳо аҳамияти муҳим дорад, зеро он шаҳодат медиҳад, ки хонанда ахбори паҳну пахшкардаро ғайриэкологӣ меҳисобад. Ба ҳар ҳол назорат аз болои ВАО набояд мақсади ниҳоӣ бошад. Бояд, пеш аз ҳама, шароит офарид, ки ВАО ба муштариён ахбори аз ҷиҳати экологӣ тоза пешниҳод намояд, барномаҳои сифатан бадеӣ ва ахлоқан баландмазмунро тавлид созад.

Дар ҳар як ҷомеа дар мавриди паҳну пахши иттилоъ муаммои ба ҳақиқат мутобиқат накардани он ба чашм мерасад, ки он аз бемасъулиятӣ ба фаъолияти касбу вазифаи худ, муносибати саҳлангорона ва хунукназарона доштани журналистон шаҳодат медиҳад. Дар ҳолати аввал, журналист мавзўъро хуб намедонад ва ба хотири сенсатсия мавод бидуни таҳқиқи чуқур пешниҳод мегардад. Дар дигар маврид мавод ё мақола метавонад мувофиқи «талаб» бошад, ки ба ҳалли ин ё он манфиати сиёсӣ ва ё иқтисодӣ равона шуда бошад.

Шартҳои зерин ба тавлиди ахбори сифатан тозаву экологӣ, дар баробари ин ба таъмини амнияти иттилоотӣ мусоидат менамояд. Якум, ахбори сифатан тоза, пеш аз ҳама, аз тарафи ВАО паҳну пахши ахборест, ки бояд ба суботи ҷомеа, ба оромии муносибатҳо миёни гурўҳҳои гуногуни одамон мусоидат намояд. Дуюм, яке аз шартҳои асосии ахбори экологӣ мувофиқати иттилоъ ба меъёрҳои этикии ҷомеа маҳсуб меёбад. Сеюм, масъулияти иҷтимоии ВАО, танзими ниҳодҳои коммуникатсияи оммавӣ ва Шўроҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти ВАО-ро назорат мебаранд, шарти зарурӣ баҳри тавлиди ахбори воқеӣ мебошад.

Хулоса, чи тавре, ки Президенти Тоҷикистон таъкид менамояд, «Ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки минбари суханро бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандўстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад». Бинобар ин, ҳар кадоми моро зарур аст, ки фаъолияти ҳаррўзаи худро ба хотири амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаамон равона намуда, ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизамонро тарғиб созем ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ва мардуми шарифи он содиқона хизмат кунем.

Яқубов Ҷ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ