Нақши тарҷума дар амнияти фарҳангии миллат
Мафҳуми амният, дар воқеъ, моддаи пурмуҳтаво ва фарогири паҳлуҳои мухталифи унсурҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ буда, бехатарии миллат аз дараҷаи мафкура ва ҷаҳонбинии мардум вобастагии калон дорад. Зеро дар даврони ҷаҳонишавии босуръат ба хотири ҳифзи истиқлоли миллӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ ҳар як фарди ҷомеа мувофиқи кору омоли хеш муваззаф ва масъул аст, ки асолати миллӣ ва амну саботи кишвар ва дастоварду арзишҳои фарҳангии хешропуштибонӣ ва ҳимоят кунад.
Танҳо бо ҳифзи ваҳдату истиқлолияти комил ва ташаккул додани илму маърифат, тарвиҷи забони модарӣ ва худшиносиву худогоҳӣ метавон ба ҳадафу мақсадҳои бузург расид. Амнияти фарҳангӣ ва таҳаввулу ташаккули илми тоҷик, пеш аз ҳама, дар дасти маорифчиёну аҳли зиёи Ватан мебошад.
Агар ба таърихи пайдошавии давлатҳои мустақили форсизабонон - Саффориёну Сомониён, аз нигоҳи амнияти фарҳангӣ назар кунем, маълум мегардад, ки яке аз омилҳои эҳё гардидан ва ҳифзи анъана ва суннатҳои тоисломии мардуми тоҷик, ин боқӣ мондани мактабҳои дарборӣ буд. Зеро халифаҳои араб фарзандони худро маҳз ба устодону омӯзгорони форснажод ба шогирдӣ медоданд ва ин мударрисони содиқ ба ниёгон халифаҳо ва ҳокимони ояндаро дар руҳияи адабдӯстиву маърифатгароӣ тарбия мекарданд. Ҳарчанд дар оғоз хулафои садри ислом нисбат ба улуми бегона бетаваҷҷуҳ ва ба китобшӯйиву китобхонасӯзӣ машғул буданд, баъдан чун тарбиятёфтагони макотиби дарборӣ ба сари қудрат омаданд, тавассути тарҷума ва ташвиқу тарғиби уламову удабо “ду баробари он чи сӯзониданд ба ҷаҳони он рӯз китоб эҳдо карданд”(2, 445). Яъне парчамафрӯзони фарҳангу маърифати форсу тоҷик якҷоя бо вузарову соҳибдавлатони форсинажод тарҷума ва бозсозии асарҳоро роҳи беҳтарини ҳифзи асолати миллӣ ва амнияти забони модариву мероси фарҳангии хеш дониста дар тарғиби хирад, дониш, таҷрибаи инсонӣ, мубориза ба муқобили хурофотпарастӣ хизмати бебаҳо кардаанд(8), ки далелиинро метавон дар сарчашмаҳои таърихӣ фаровон дарёфт намуд.
Зоҳиран, ҳеҷ адабиёт дар дохили ҳудуди миллии худ бидуни иртибот бо забону адабиёти миллатҳои дигар тараққӣ намекунад, пеш намеравад, камол намеёбад. Нависандаи машҳури рус Алексей Максимович Горкий барҳақ, дар ин бора, таъкид кардааст, ки “Адабиёт беҳтару хубтар ва осонтар аз ҳама, ҳалқҳоро ба ҳам ошно месозад”(3, 17).
Бузургии даҳҳо саромадони адабиёти тоҷик низ маҳз дар он буд, ки онҳо фақат дар ҳудуди миллии худ маҳдуд намондаанд, чун эшон зуллисонайн буданд, аз ин рӯ, забону адабиёт, таъриху фарҳанги миллати дигарро ба хубӣ омӯхта, ҳатто ба он забон асарҳое офаридаанд, ки гӯё соҳибу офаридагори он забон буданд.
Чунончӣ, Абӯалӣ ибни Синоро то ҳанӯз бархе аз шарқшиносони Ғарб “олиму шоири араб” меноманд, зеро ин абармарди тоҷик, ифтихори миллати мо ба забони арабӣ чунон таълиф намудааст, ки гӯяндагону шоирони араб ангушти ҳайрат газидаанд. Шоирону адибон, олимону донишмандони зиёди зуллисонайни дигар миллатҳоро низметавон дар ин радиф номбар намуд. Аз ҷумла, шоир ва мутафаккири бузурги Озорбойҷон – Фузулии ширинбаён низ ҳам ба туркӣ ҳам ба форсӣ ва ҳам ба арабӣ айнан бо латофатиякранг шеър гуфтааст. Инчунин, шоири шаҳир ва саромади адабиёти ӯзбек – Навоӣ низ бо забони тоҷикӣ девони бузурге дорад.
Аз ин ҷо, дар раванди муштаракоти фарҳангӣё худ робитаҳои адабию фарҳангӣ нақши мутарҷимон ва мактабҳои тарҷумонӣ хеле арзишманд аст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик марҳилаҳои сермаҳсули ҳаракати тарҷума ба мушоҳида мерасанд, ки ҳар яки он дорои ганҷинаҳои бузург буда, аҳамият ва арзиши асосии ин марҳилаҳо, аз як тараф ҳифзи осори гаронқадр бошад, аз ҷониби дигар, нигаҳбонии нажод, ташаккулу таҳаввули забон, таъриху фарҳанг ва эҳёи одоб ва анъанаҳои ниёгонии як қавму миллат ба шумор мераванд.
Тавассути мактаби мутарҷимони қарнҳои 8-9 дар марҳилаи аввали ҳаракати тарҷума анбӯҳи бузурги китобҳо аз забонҳои дигар, аз ҷумла, аз паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуданд. Баъд аз қарни 9 қариб то қарни 15, яъне дар марҳилаи дуюми раванди тарҷума ғолиби осори ба арабӣ тарҷумашуда, аз нав ба забонҳои аслии худ, аз ҷумла ба забони форсӣ-тоҷикӣ бо равишу услубҳои гуногун нақлу баргардон шуданд. Баъд аз ҳуҷуми муғулҳо то имрӯз чандин марҳилаҳои дигари раванди тарҷума пайдову нопайдо гардиданд, ки ҷавҳари аслии ин ҳаракатҳо, пеш аз ҳама, амнияти фарҳангии як қавму миллат буда, тарҷума ҳамчун унсури амнияти фарҳангӣ дар ташаккул ва таҳаввули илму маърифати миллатҳои гуногун хидмат карда истодааст.
Тарҷума аз қадим, аз як тараф, байни миллатҳо нақши гузаргоҳи фарҳангиро иҷро карда, дар барқарории иртибот ва пайванд миёни афрод, ақвом ва ҳукуматҳо хидмат карда бошад, аз ҷониби дигар, қасдан ё амдан сабаби набардҳои хунину пурхарҷ байни халқу миллатҳо гаштааст. Ба ҳукми намуна, Ардашери аввал тирагӣ ва гусаста шудани равобити худ бо испортаниҳоро аз тарҷумаи хатои мутарҷимон медонад. Ў барои барҳам додани ин нофаҳмӣ, қосидеро ба номи Ортофранс ба Испарта мефиристад ва сабаби кудурату тирагии равобити худро хатогӣ ва нофаҳмии мутарҷим мехонад.(7, 25)
Аз ин рӯ, амонат дар тарҷумаи матнҳо яке аз шартҳои асосии ҳунари тарҷумонӣ ба шумор меравад ва ихтилоф байни тарафдорони тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва тарҷумаи озод аз қадим то имрӯз мавҷуд аст. Тарафдорони тарҷумаи таҳтуллафзӣ амонати матн ва вафодорӣ ба соҳиби онро асоси тарҷума ҳисобида, тарҷумаи озодро тарҷумаи хиёнаткорона мегуфтанд. Тарафдорони тарҷумаи озод бошанд, маъно ва муҳтавои асар ва беш аз ҳама ба хонанда вафодор буданро асли ҳунари тарҷумонӣ ҳисобида, тарҷумаи равонро тарҷумаи зебо ва тарҷумаи таҳтулафзиро тарҷумаи кӯдакона ва кӯркӯрона мепиндоштанд. То ҷое, ки тарҷумаро ба зан ташбеҳ дода, мегуфтанд, ки «агар зебо бошад, вафодор нест ва агар вафодор бошад, зебо нест» (6,14). Аммо дар нимаи дуюми қарни XIX аз ҷониби назарияпардозон ва мутахассисони илми тарҷума ин ихтилоф баррасӣ ва ҳал гардид. Яъне равиши тарҷума ҳатман бояд аз навъи матн муайян шавад ва аз нигоҳи назарияи тарҷумаи имрӯз, ки асоси онро ховаршиносони маъруф Пётер Нюмарк ниҳодааст, матнҳои иттилоотӣ ё худ расмӣ тариқи тарҷумаи дақиқ ё худ таҳтуллафзӣ ва матнҳои тавсифӣ ё худ адабӣ тавассути тарҷумаи озод ё иртиботӣ бояд тарҷума гарданд (4, 126). Яъне амонати матн ва муаллифаш ҳаддалимкон бояд риоя шавад.
Дар ин раванд, бояд мутарҷимони мо ҳам дар тарҷумаҳои байнизабонӣ ва ҳам дар тарҷумаҳои дохилизабонӣ, ба ҷуз аз маҳорати забондонӣ, инчунин маҳорати баландӣ нависандагӣ дошта бошанд, ки баробари тарҷумаи матн, хоса дар матнҳои адабӣ ё худ тавсифӣ ҳиссиёти хонандаро бедор карда тавонанд. Албатта, ин вежагиро метавон дар тарҷумаҳои адибони муосири тоҷик пайдо намуд.
Осори пурқиммати устодони мо Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, назми ширину дилнишини Мирзо Турсунзода, достонҳои дилписанди Мирсаид Миршакар, романҳои ҳаяҷонбахши Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва дигарон ба бисёр забонҳои роиҷи дунё тарҷума ва нашр шудаанд (5,қ.11,185).
Ҷоизи зикр аст, ки романҳои устод Айнӣ, Сотим Улуғзода ва Р.Ҷалил, ки ба забонҳои мухталифи Шарқу Ғарб тарҷума шуданд, айнан тақлид ва шаклан рӯйбардори навиштаҳои халқу миллатҳои дигари собиқ шуравӣ набуда, баръакс ҳама дорои услуб ва равиши миллии худ буданд. Романҳои тоҷикиро халқҳои Русия, Фаронса, Олмон, Чехословакия, Ҳиндустон, Арабистон ва дигар халқҳо то имрӯз бо мамнуният мехонанду баҳравар мегарданд.
Гузашта аз ин, аксари шоирону адибон ва нависандагонуолимони тоҷик аз қарни XIX ин ҷониб чун забони русиро хеле хуб омӯхта, хато намекунем агар бигӯм, ки соҳибзабон гашта буданд, ба кори тарҷума машғул шуда, тавассути тарҷума таълими адабӣ гирифта буданд. Зеро тарҷумаи адабӣ, талаб мекунад, ки тарҷумон дар аснои кораш матни аслиро таркиб аз таркиб ҷудо намуда, омӯзад ва сипас онро ба забони мақсад тарҷума кунад. Дар аснои ин амалиёт нависандаи моҳиру ҳассос, хоҳ нохоҳ, таҳти таъсир ва нуфузи неку бади асари тарҷумашаванда мемонад. Ҳатто мумкин аст, ки гоҳо мутарҷим ё нависанда, баҳри риояи амонати муаллиф, забон ва услуби табиии худро гум карда, тарҷумаро мубҳаму муғлақ анҷом медиҳад. Бо вуҷуди ин бештари нависандагон баробари тарҷума кардан ҳунари нависандагии хешро сайқал медиҳанд ва аз асари писандидаашон баҳравар ва аз муаллифаш ибрат мепазиранд.
Ба ҳукми намуна, устод Абулқосим Лоҳутӣ баъд аз ҳиҷрат аз Эрон Тоҷикистонро ватани дуюми худ дониста, бо фаро гирифтани адабиёти шӯравии рус ва адабиёти миллатҳои бародарии дигар тавонистанд, ки шеъри ширини форсиро ба дараҷаи баланди инқилобӣ боло бардоранд. Устод Лоҳутӣ беҳтарин шеърҳои Пушкин ва асарҳои мондагори Шекспир, ба монанди “Отелло”, “Ромео ва Ҷуллета”, “Шоҳ Лир”-ро ба забони тоҷикӣ ба қалами тарҷума кишиданд, ки дар натиҷаи тарҷума ва омӯхтани назми русӣ ва эҷодиёти халқҳои дигар услуби кори эшон то андозае тағйир пазируфтааст. Яъне устод Лоҳути ҳамаи санъат ва ғановати назми форсиро дар мароми достонҳои нав, дар силки шеърсароии нав нишон доданд.
Ҳамчунин устод С.Айнӣ китоби маъруфи нависандаи фаронсавӣ Фердинанд Дуюшин – “Қамар”-ро аз забони ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ бо маҳорати баланд тарҷума карданд, ки ҳатто хонанда аз тарҷума будани асар бохабар намешуд.Ин тарҷума ҳарчанд аз нигоҳи назарияи муосири тарҷума аз зумраи тарҷумаҳои “озод” ба шумор равад ҳам, вале вежагии асосии равиши тарҷумаи дақиқро доро буд, яъне мутарҷим амонати матн ва соҳиби онро комилан нигоҳ доштааст. Илова бар ин, ҳарчанд аз устод С. Айнӣ тарҷумаҳои зиёд боқӣ намондааст, аммо дар таҳрири тарҷумаҳо аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ ё баръакс устод саҳми арзишманд доштанд.
Шоири маъруфи халқи тоҷик Пайрав Сулаймонӣ низ аз зумраи мутарҷимони моҳири давраи шӯравӣ ба шумор мераванд. Эшон чун донандаи хуби забони русӣ буданд, пиесаву асарҳои нависандагони маъруфи рус, аз ҷумла «Муфаттиш»-и Н.В. Гогол, романҳои А. Серафимович «Сели оҳанин», Д. Фурманов ва С. Поливанов «Балво», чанд шеъри Жаровро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Инчунин як даста шеърҳои худи Пайрав Сулаймонӣ низба русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.
Дар қатори адибоне, ки дар баробари шоириву нависандагии худ асарҳои дилписандашонро тарҷума мекарданд ё дар пайкари он навиштаҳо асарҳои нав меофариданд, устод Ҷ.Икромӣ низ мақоми хоса доранд. Устод замни сафарҳое, ки ба кишварҳои хориҷа, аз қабили Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Германия, Венгрия, Туркия ва ғайра доштанд, бо ҳаёти мардум ва фарҳангу адабиёти он кишварҳо аз наздик шинос шуда, повесту ҳикояҳои писандидаашро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла, повести машҳури Юрий Либеденский “Ҳафта”-роҶалол Икромӣ дӯст дошта, онро сараввал тарҷума мекунад ва сониян дар партави ин асар соли 1933 дар маҷаллаи “БАС” нахустин қиссаашонро бо номи “Ду ҳафта” таълиф мекунанд(1,239). Илова бар ин, силсилаи ҳикояҳои А.Чеховро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунанд.Дар баробари ин, Бештари асарҳои Ҷалол Икромӣ, аз ҷумла “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Тахти вожгун” ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, украинӣ, туркӣ, озарӣ, фронсавӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайра борҳо тарҷума шудаанд.
Ҳамин тавр, садҳо шоирону нависандагони мо ҳам эҷод кардаанд ва ҳам ба кори тарҷума машғул гардида, аз тарҷума барои кори эҷодии худ як олам сабақ гирифтаанд, ки баррасии фаъолияти тарҷумонии ҳамаи онҳо берун аз меҳвари ин мақола мебошад.
Хулоса, бузургони мо тавассути тарҷума ва бозсозии асарҳо, пеш аз ҳама забон, адабиёт, фарҳанг, анъана ва одоби миллии моро ҳифзу нигаҳбонӣ намуда, ба мо чунон ганҷинаҳоеро боқӣ гузоштаанд, ки дар матну батни онҳо сарвати бебаҳои шоҳони паҳлавӣ, дурру гавҳарҳои халқҳои арабу ҳинд, юнону рум, турку озар, русу-украин ва ғайра ворид шудаанд. Аз ин ҷо, мо ворисони ин ганҷинаҳои бебаҳо ба қадри ин неъмат бояд бирасем, онҳоро ҳифзу ҳимоят кунем, аз инҳо истифода барем, мутолиа намоем, лаззат барем, дар рӯзгору пайкори хеш истифода намоем ва ба забонҳои дигар тарҷума кунем, зеро бештари мо дарк намекунем, ки бузургони мо барои ба даст овардани ин лаълҳои гаронбаҳо чи конҳоро кандаанд, аз кадом сарчашмаҳо об нӯшидаанд ва дар кадом бӯстону гулистонҳо сайр кардаанд.
Сабуров Х.М., Ҳамробоев Н.А.