Нақши Пешвои миллат дар таҳкиму сулҳу субот

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа З.Ҳакимова машғулияти назариявӣ дар мавзўи «Проблемаҳои глобалии муосир» гузаронида шуд. Дар ҷараёни машғулият масъалаҳои мақоми Пешвои миллат дар таҳкиму сулҳу субот, нақши асарҳои Пешвои миллат дар ташаккули тафаккури солими ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо ва муаммоҳои глобалӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Зимни суолу ҷавоб ва баррасии мавзуъҳо возеҳ гардид, ки ҷавонон нисбати тақдири ояндаи хеш бетараф набуда,ҳифзимарзу бум, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар меҳвари тафаккурашон қарор дошта, ҳадафашон омӯзиши илмҳои муосир ва дар ин замина муаррифии Тоҷикистони дар арсаи ҷаҳонӣмебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ