​Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот” бо иштироки донишҷӯёни бахшҳои якум ташкил ва баргузор гардид.

Нахуст, ҷонишини декан оид ба тарбия Файзулло Аҳадов баромад намуда, аз ҳадафҳои чорабинӣ ёдовар шуд. Мавсуф зимнан доир ба хидматҳои Пешвлои миллат дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ибрози назар намуд.

Дар қисми дигари чорабинӣ навори видеоии “Ман ба шумо сулҳ меоварам”-и Пешвои миллат гузошта шуд. Ҳамчунин шеъру гуфторҳо дар бораи Пешвои миллат аз ҷониби донишҷӯён қироат карда шуд.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон арзиёбӣ карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ