Нақши илм дар таъмини амнияти ҷомеа
Дар Паёми Президент чиҳати баланд бардоштани неруи илм ва ба амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим,ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, такмили сатҳи касбии омўзгорон масъалагузорӣ шуда, таъкид шудааст, ки «омўзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ўст».
Дар ҳақиқат, дар замони муосир бар асри ҳаводиси пуртазод ва зудтағйирёбанда ва наҳзатҳои азими илмӣ ва сиёсӣ воқеияти имрўз дар назди ҷомеа мабоҳис ва масоли мубрам, тоза ва васеъропеш овардааст. Дар ин замина шинохти манфиат ва таъмини амнияти миллӣ тавассути илму дониш, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти ҳар як афроди иҷтимоъро дар назди имрўзу оянда зиёд месозад. Пайвастагии илму амал дар хонанда шавқи пурсуҷў ва кунҷковӣ фароҳам оварда ўро ба ҷаҳони инсон будан, яъне дунёи дониш ва озод зистан раҳнамоӣ мекунад. Инсони огоҳу озод ситампазиру бандаи одамиён намешавад. Ҳар чиро мешунавад ва мехонад, кўркўрона намепазирад. Мағзашро ба кор мегирад ва пеш аз он ки ҳарфи касеро бипазирад, андеша мекунад. Бояд донист, ки агар таҳсил ва таълим судманд наафтад, мо дастҳои фарзандонамонро кушода, мағзҳо ва андешаҳояшонро мебандем, ақлро зиндониву ҷаҳлро майдонӣ месозем. Агар моҳияти аслии илму дониш ва таҳсилоти асилро ба хонанда расонда тавонем, ўро инсони комилан дигар месозем. Дигар ў асири хурофот ва акмали ифротгаронамешавад, мо ўро олим сохта, бо аслиҳаи илм, мантиқ ва имон мусаллаҳ месозем. Вақте инсоне ба силоҳи илму мантиқ мусаллаҳ шуд, дар бораи ҳама чиз дуруст ва саҳеҳ ҳукм мекунад, бо шуҷоат ва шаҳомот аз ҳақ дифоъ ва бебокона дар зиндагӣ роҳи рост ва дурустро интихоб менамояд. Агар омўзгор дар равандитаҳсилот ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ нашавад, яқин ки хонандаро ба банди нодонӣ гирифтор сохта, на танҳо ўро аз чанголи хурофот ва равияҳои бади ахлоқӣ наҷот намедиҳад, балки ўро аз илму мантиқ дур сохта, оташи таассуб ва лаззатро дар ботини ў меафрўзад.
Мусаллам аст касе, ки хўи илмӣ дорад, аз зеҳне кунҷкову мантиқе устувор бархўрдор аст. Ин гуна шогирд пўёву кордону ҳолшинос ба воя мерасад. Касе, ки хўи илмӣ дорад, ҳамвора натиҷагириҳои худро дар муқобили далелҳои тозае, ки мумкин аст бо онҳо бархўрд кунад, қобили таҷдиди назар медонад ва ҳар гоҳ далелҳои тозаро дид, натиҷагириҳои худро дар тарозуи мантиқ бармекашад. Касе, ки хўйи илмӣ дорад, дар баҳсу мунозира ба далелу мантиқ такя мекунад, бидуни таассуб ва ғараз ҳукму андеша меронад.
Акнун бо таваҷҷўҳ ба аҳамият ва арзиши таълими адабиёт ва нақши он дар ташаккули шахсияти инсон ба хубӣ метавон хулоса кард, ки вазифаи омўзгор то чӣ андоза сангин ва пурмасъулият аст. Агар мо дар таҳсил ва таълим ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем, яъне рўҳи адабиёти инсониро ба хонанда интиқол дода тавонем, он вақт дар роҳи даъвати ҷавонону наврасон ба азхудкунии илму дониш ва ҷаҳони одамият муваффақ хоҳем шуд. Як инсони комилро ба воя хоҳем расонд, ки мазҳари муҳаббат ва одамият бошад, инсоне, ки дар паймони худ вафодор бошад, душмани золим ва ёри ситамдида бошад, қалбаш барои озодӣ ва адолат тапад, аз дурўғгўву фиребкор нафрат кунад, ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз нанамояд ва монанди беҳтарин симо ва шахсияти инсонҳои комил зиста, ба вижагиҳои ахлоқи онон пайравӣ намояд. Маҳз ҳамин усул роҳро барои тарбияи инсони комил ҳамвор хоҳад кард.
Адабиётигузашта ва имрўзаи мо дар ин равиш намунаҳои пурарзише дорад, ки мутаассифона, аз он ба дараҷаи лозимӣ истифода намекунем. Ба ҳамин далел омили аввалини ин усули таълим адабиёти бадеист: мафҳумҳои бадеият, ҳунар ва таъсири ҳиссӣ табиати адабиётро ифода мекунанд. Дар ин равиш омўзгор бояд як нуктаро ба эътибор гирад, ки нависанда ба таври ом аз мардуми дигар бо ниёзу қобилияти иродаи афкор ва эҳсосоташ тафовут дорад. Ироаи афкор ва эҳсосот дар шаклу сурати писандида ба мардум беҳтар фикр кардан ва чира шудан бар мушкилот ва иртиботи саҳеҳ бо якдигарро меомўзад. Воиз, файласуф ва мақоланавис афкори худро ба таври куллӣ ва муҷаррад бе таваҷҷўҳ ба эҳсосоти худ ироа медиҳанд, аммо нависанда тамоюле ба ироаи афкори куллӣ ва муҷаррад надорад ва мехоҳад онҳоро ба таври малму (конкрет) тасвир кунад. Дар ин тасвир афкор ва эҳсосот ба таври ҷудоинопазире ба ҳам омехтаанд. Дар ин асос ҷанбаи бадеӣ ва ҳунарии осори адабӣ бояд мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирад. Омили дуюм он аст, ки мо ҳамаи ин фазилатҳои адабиётро барои пешрафти маънавӣ ва ахлоқии шогирдон истифода барем. Истифодаи ин ду омил ба дониш ва малакаи омўзгор сахт вобаста аст. Омили сеюме, ки усули таълими муваффақи адабиёт ба он такя мекунад, хонанда мебошад. Агар муаллиф ба дили хонанда роҳ ёфта тавонад, суханаш, амалаш ва кирдораш ба дилу рўҳу ахлоқи хонанда асаре гузошта тавонад, дар нияти худ комёб хоҳад шуд.
Дастурҳо ва усулҳои таҳсил, таълимва тарбият дар ҳеҷ замон маҳдуд набуду маҳдуд нахоҳад монд. Ин равиш бо пешрафти зиндагиву инсонҳо ҳамеша мутағаййир аст ва онро ба таври қотеъ дар ҳеҷ чорчўбае наметавон маҳдуд сохт. Муаллим дар эҷод ва кашфи тарзи таълиму тарбия ҳамеша бояд озод бошад. Ин озодӣ, пеш аз ҳама, ба соҳибилм, дониш ва таҷрибаи ў такя мекунад.
Ба ин маънӣ, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар боби мақоми илм ва таълиму тарбият возеҳу сареҳ мегўяд:
Илм аз сомони ҳифзи зиндагист,
Илм аз асбоби тақвими худист.
Илму фан аз пешхезони ҳаёт,
Илму фан аз хоназодони ҳаёт. (6, 3)
Дар ташреҳи ин абёт бо сароҳат таъкид мегардад, ки «илм абзоре аст барои ҳифзи ҳаёт ва сару сомон додан ба зиндагӣ ва ҳамчунин барои қивом додан тасбияти зоти башар. Илм яке аз васоил ва асбоби кор аст». Хулосаи ин ташреҳ ҳақиқатест, ки таҷрибаи зиндагии башар собит сохтааст, яъне таҳсилу таълим ва тарбият бояд ба инсон зиндагии шарофатмандона, одилона ва маънавиро ато намуда, барои эҳёи зарурати иқтисодӣ, илмӣ ва техникии миллат василае бошад. Дар таҳсилу таълим ва тарбият бояд амалан шўру шавқе нуҳуфта бошад, то ҳар фарде тавонад суботи иқтисодӣ ва истиқлоли иҷтимоию фарҳангии худро ба даст оварад. Равиши таълим ва тарбияте, ки дар асоси чунин мақсаду ҳадафҳо поягузорӣ шудааст, ба суди инсон ва ҷомеа хоҳад буд.
Рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи амнияти ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад. Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдат,Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рисолати бузурги пуршавқату шукўҳманд,меъмори қасри тамаддун, бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ ва соҳибқирони самои даврон бо тамоми азму ирода ва нерўи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон хизмати шоиста ба рушди илм ва таъмини амнияти миллӣ кард ваэътимоди мардуми кишварросоҳиб гардид.Бешак, танҳо халқи бузург вориси чунин инсони бузург аст ва мо шахсияти нерўманд ва мўътабарро шинохта, мақому мартабаи халқро эҳсос мекунем. Эмомалӣ Раҳмон дар тўли фаъолияти давлатдориаш баҳри ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамон ҳамеша талошу ҷонбозиҳо кард ва муҷассамаи халқ ва бақоимиллати тоҷикро бунёд сохт.Воқеан, халқи куҳанбунёд ватамаддунофари тоҷик ба истиқболи ҷовидонӣ гардонидани чунин симои фарзонафарзанд ҳамешасаодату пирўзӣ дорад.
Бузургӣ ва шаҳомати Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки рушди босуботи илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва дар таъмини амнияти миллии кишвар масъул ва вазифадор меҳисобад.Дар хақиқат,тавассути соҳибистиқлолу соҳибихтиёрӣва пешрафти илму маориф ормонҳои зубдавуҳадафҳои наҷиби созандагӣ насибамон гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо нуру сафоиэзидӣва башорати покизагӣ соҳибқирони самои даврон гашта,бо раҳнамоиву роҳкушоӣ, пойдории бақои миллатро устувор сохт ва дар раҳи рушди илму фарҳанг муваффақгардид.Бинобар ин, дар ин сафҳаи сарнавиштсози таърихии миллат ваайёми фархундаву фирўз бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои муҳим ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ бо муҳаббатуиродатмандӣ ҳар як афроди ҷомеаро мебояд,ки кишвари азизамонросидқан ва баробари ҷон дўст дошта, ватандўсту меҳанпарасти асил бошанд, шукронаи неъмати бузурги соҳибистиқлолӣ васоҳибватанӣ карда, барои шукуфоӣ ва ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша талош варзанд.