​Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ

Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд.

Дар конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ -таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон намояндагони мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Конференсия аз рӯйи се бахш ҷараён гирифт. Дар бахши аввал мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори давлатдории миллии тоҷикон”, дар бахши дуюм мавзӯи “Нақши калидии Пешвои миллат дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон” ва дар бахши сеюм мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар барқарор ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ дар конференсия масъалаҳои вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX, истиқлол ва раванди таҳкими давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҷанбаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, масъалаи таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра муҳокима шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар конференсияи мазкур Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро сармуаллимаи кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳмадҷон Файзиев намояндагӣ намуд. Номбурда дар бахши дуюми конфронс оид ба мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ" маърӯза ироа намуда, ташаббусу ибтикороти Сарвари давлатро ҷиҳати дастгирии ҳунармандон таҳлил намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ