Нақши адабиёт дар таъминитарбияи эҳсоси ватанпарварӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ
Худшиносиву худогоҳии миллӣ ва амнияти халқу ватан аз куҷо сарчашма мегирад? Аз омўзишу дар амал татбиқ намудани ашъори шоирони гузаштаву имрўзу фардо...
Бале,дуруст аст, вақте ки кас аз асли хеш бехабар аст, ў дар бораи худшиносиву худогоҳии миллӣ огаҳие надорад, аз куҷо аз асли хеш бохабар аст? Пас мебояд ҳар як шахс аз таъриху одобу фарҳанги миллати хеш бохабар бошад ва ба муқаддасоти миллати хеш арҷгузорӣ намояд.
Зери мафҳуми муқаддасот мо чиро мефаҳмем? Чизе ки ба шахс азизу муқаддас аст, чизе ки мо онро чун гавҳараки чашм эҳтиёташ мекунем ва аз даст додан намехоҳем. Ба ин гавҳараки чашми мо кадоммуқаддасот дохил мешаванд, дуруст аст, аввал Ватан, Модар, Забон ва адабиёт, Миллат, хок..
Ваҳдати миллӣ торафт вусъат ёфта, таҷассуми сиёсати сулҳпарваронавуваҳдатофари давлатамон гардида, бори дигар муттаҳидии мардумро зери парчами ғояҳои бунёдкориву созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон возеҳу аниқ нишондод.
Вале мутаасифона, дар таърихи инсоният нофаҳмиҳои милливу байналмиллалӣ фаровон буданду ҳастанд ва боз ҳам таърих гувоҳ аст, ки барои бо ҳам овардани инсонҳову бахшидани ҷурмугуноҳҳо ва таҳкими дўстию бародарӣ дар қатори дигар омилҳои коргар сухани созандаю таъсирбахш, бахусус каломи бадеӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рў, адибони тоҷик дар ҳама давру замон барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва тамкину таҳаммулпазирии мардуми тоҷик талошҳо кардаанд. Дар бисту панҷ соли охир онҳо низ бо асарҳои саршор аз ғояҳои миллӣ, дўстиву ваҳдат ва ҳамчунин бевосита дарсуҳбатҳо, дар маҳфилу вохўриҳо бо хонандагони хеш мардумро ба ваҳдат, зиндагии осоишта ва меҳнати бунёдкорона барои шукуфоии Ватани азизамон раҳнамун месозанд. Агар ба таърих назар афканем, бар асари ҷанги шаҳрвандии солҳои навад дар байни мардум кинаву қудурат, нофаҳмиву нобоварӣ реша давонд ва вазъият ба дахолати фаъолонаи маънавӣниёз дошт. Адибони мо ин рисолатро хуб дарк намуда, барои офаридани асарҳои пурмағзу бамаънӣ ва саршор аз ғояҳои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ камари ҳиммат бастанд.
Баъди андаке ба даст омадани Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омўзишу нигориши таърихи миллат рў оварда, як силсила ташаббусу чорабиниҳоеро роҳандозӣ намуданд, ки худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии мардум, аз ҷумла, адибонро таҳрик доданд.
Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, таҷлили ҷашни як қатор адибону олимони бузурги миллатамон мардумро рўҳи тоза бахшиданд, эҳсоси ифтихори миллӣ барангехтанд, адибонро ба эҷоди асарҳое водоштанд, ки саҳифаҳои пурфоҷиаву сабақомўзи гузаштаро ба хидмати имрўз бикашанд. Ҳамин буд, ки хусусиятҳои барҷастаи насри ин давра руҷўъ ба таърихи қадиму навини халқамон эҳдо гардид. Чунон ки Пешвои миллат мефармоянд, “як сарчашмаи воқеии худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии мардум, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рўй овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад”. Адибони мо тибқи ҳамин гуфтаҳои воқеию амиқ як силсила асарҳое офариданд, ки зимни руҷўъ ба таърихи пурифтихорамон саргузашти фарзандони номдори халқро бозгў карда, дар мисоли рўзгору пайкори онҳо ғояҳои бузурги ваҳдату иттиҳоди миллиро бадеию дилрас васфу талқин намудаанд.
Адабиёт пеш аз ҳама маъно ва ҳикмат аст, маъно ва ҳикмате, ки дар қолаби сухани дилчасп, нақли ҷолиб ва бо истифодаи санъатҳои баланди бадеӣ, ташбеҳу истиораву таносуби калом офарида шудааст. Адабиёт чун дигар ҳунарҳои бадеӣ тимсоли ҷанбаи офаридгорӣ доштани рўҳи инсон аст. Эҷодкор бо тасвир кардани манзараҳои ҳаёти инсон ва ба он дамондани рўҳи зиндагӣ ташнагиҳои нерўи созандагӣ ва офаридгории худро таскин медиҳанд. Вай тавассути образҳои муносибатҳои мураккабу печидаи инсонӣ, тазотҳои зиндагӣ ва нокомиҳои ҳаётро ба намоиш мегузорад ва ба ин васила мардумонро ба адлу дод, ба эҳтироми якдигар ва ғанимат донистани лаҳзаҳои зиндагӣ даъват мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоимиллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши зиёиёни эҷодкорро дар таъмин намудани тарбияи ватанпарварӣ ва ҳифзи амният басо муассир ҳисобида, дастур медиҳанд, ки дар парвариши ҳисси ваҳдати миллӣ бояд бештар аз ҳар вақт фаъол бошанд. «Зиёиёни мо метавонанд мафкураи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой карда, халқро барои якдигарфаҳмӣ омода созанд.»
Пешвои миллат хотиррасон кардаанд, ки «Ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандўстӣ, кўшишу пойдору устувор нигоҳ доштани ватани аҷдодӣ мавзўъҳое ҳастанд, ки ҳамеша диққати илму адабро ҷалб менамуданд ва бояд намоянд». Бо овардани мисолҳое аз таърихи дуру наздики кишвар ин нуктаро қувват мебахшад ва таъкид бояд кард, ки насли эҷодкорро имрўз на фақат вориси осори бузурги аҷдоди худ, балки пайрави фаъолиятҳои ватанпарварона ва миллатдўстонаи онҳо бошанд. Инсон дар зоти худ мушоҳидагари рафтори дигарон аст. Неку бадро дар дигарон нисбат дар худ бештар мебинад. Аз ин лиҳоз, осори бадеӣ дар парваридани ҳисси дарёфти неку бад, ҳаққу ботил ва зишту зебо аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Аз ин сабаб адабиётро аз сарчашмаҳои муҳими худшиносӣ муайян намудани Сарвари давлат ва дастуру пешниҳоди ў барои ҳамаҷониба омўхтани осори ниёгони бузург ва баҳра бардоштан аз афкори файласуфона ва ҳакимонаи аҷдод ва адибони муосир вазифаи ҳар шахсест, ки худро вориси осори шўҳратманди адабиёти оламшумури тоҷик медонад.
Тамоми осори Рўдакию Фирдавсӣ, Синову Мавлавӣ, Камолу Саноӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб ва даҳҳо нафари дигар ба меъёрҳои ахлоқии ҷомеаи адолатпарвар ва инсондўст бахшида шудаанд.
Имрўз вобаста ба осори тарбиявии гузаштагонамон мо бояд кўдакону ҷавононро дар рўҳияи худшиносии миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ тарбия намоем, ки дар онҳо симои миллат, суннатҳои давлатдории миллӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳар чӣ бештар ташаккул ёбанд.
Яке аз бузургтарин мардони тамаддуни гузаштаи мо А.Фирдавсӣ мебошад, ки дар таълифи «Шоҳнома» дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун хамосасарои беназир шўҳрат ёфтааст. Мазмуну мундариҷаи «Шоҳнома» аз масоили сулҳ, дўстӣ, хирад, ватанпарастӣ ва ғайра иборат аст. Вале мағз андар мағзу ҷавҳари он ва идеяи марказии онро масъалаҳои ахлоқӣ, тарбияи шахсӣ, мутаҳидиву ягонагӣ, адолатхоҳиву ватандўстӣ ташкил медиҳад.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!
Фирдавсии бузургро бе ватани азизаш тасаввур кардан имкон надорад. «Шоҳнома» дар замоне эҷод гардид, ки ҳокимияти миллии мо давлати Сомониён рў ба шикаст ниҳод, аз сўи дигар арзишҳои бостонии Аҷамро арзишҳои сифати нави исломӣ фаро мегирифт. Ва Фирдавсӣ тавонист бо ранҷу азоби тоқатфарсо нигоҳ накарда, бо сухани ҷаззоби шоирона Аҷамро аз нав зинда карда, мероси бузурги фарҳангӣ ва анъанаҳои ватандўстии халкашро барои наслҳои оянда ёдгор бимонад. Халқи тоҷик мисли дигар қавмҳои эронӣ аз он ифтихор дорад, ки ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷовидонаи худ манзараи барҷастаи ватанамонро аз нахустин падидаҳои зиндагӣ дар ин сарзамин то рўзгори худ бо қалами сеҳрофарин тасвир намудааст ва мо ҳамроҳи ин нависандаи ин ҳамосаи ҷовидонӣ шоҳиди ҳам фирўзиҳо, ҳам нокомиҳо, ҳам сарбаландиҳо ва ҳам шикастҳо мешавем. Бадахшону Вахшону Хатлон ва Фарғонаву Хоразму Тахористон, Суғду Бохтар дар «Шоҳнома» бо тамоми кўҳу дашту даманҳояш ба таври ҳайратангез ба қалам дода шудаааст.
«Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловариву қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омўзандаи хулқу атвори нек, хислат ва хусусиёти инсонист.
Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривояти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинасл, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оинаи мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандўстӣ, таъмини истиқлолияти кишвар озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, фирўзии нур ба зулмат, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дўстию рафоқатро меомўзем.
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Ё дур нарафта ба эҷодиёти адибони муосир нигарем. Маҳз ғурури миллӣ, кўшиш барои бақои Ватан ва нигоҳ доштани фарҳанг ба С.Айнӣ имкон дод, ки очерки пурмўҳтавои «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик»-ро нависад. Ба азобу шиканҷа ва калтаккўбиҳо нигоҳ накарда, устод Айнӣ таърихи адабиёти моро эҷод кард. Вай собит намуд, ки халқи тоҷик на танҳо вуҷуд дорад, балки дорои тамаддуни бостонӣ ҳам мебошад.
Мирзо Турсунзода на фақат бо шеърҳои хубаш, балки ҳамроҳи ҳазорҳо ватандўстон кўҳҳои касногузарро шикофта, ба маркази Помир роҳ баровард.
Фидокории БобоҷонҒафуров, ки барои ватани азизаш ҳам бо қалам ва ҳам бо кори амалӣ хизмати арзанда кардааст, чӣ тавр фаромўш мешавад? Китоби ҷовидонаи ў «Тоҷикон» халқи тоҷикро ба ҷаҳон муаррафӣ намуд. Ин шоҳасар имрўзҳо дар тамоми кунҷу канори кишвар, дар муассисаҳои таҳсилоти Тоҷикистон ҳамчун дастур ба насли нав омўхта мешавад. Ҳадаф аз омўзиши ин асари безавол дар он аст, ки ҳар як шахсе, ки худро ҳамчун шахсият медонад аз таърихи миллати хеш, аз гузаштагонаш бохабар бошад.
Дар бист соли давраи ваҳдати миллӣ зиёда аз чил романи таърихӣ эҷод шудааст, ки пораҳои таърихипур аз муборизаву талош, ғаму шодӣ ва бурду бохтҳои халқамон, муборизаи мардумамонро барои ҳимояти марзу буми аҷдодӣ, бақои миллат ва пойдории ҳувияти миллӣ бозгў карда, фаъолияти ибратомўз ва нақши шахсиятҳои таърихӣ, фарзандони ҷоннисори миллатро дар ин ҷода ба қолаби сухани созанда муҷассам намудаанд.
Яке аз омилҳои муҳими таъмин ва пойдории Ваҳдати миллӣ дар ҷомеаин маззамати хислатҳои зишт ва тараннуми некӣ, дўстию бародарӣ, ғояҳои ватандўстӣ, гуманизм, тасвири инсони хушахлоқу бунёдкор дар адабиёти бадеӣ мебошад.Одамон дар корзорҳои бузург ба ҳам бештар унс мегиранд, наздик мешаванд. Нависандагон натанҳо дар асарҳояшон сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат, бунёди сохтмонҳои азими асрро таҷассум намудаанд, балки бевосита дар мулоқоту вохўриҳо ва сўҳбатҳо бо Президенти кишвар, ки барои шукуфои кишвари азизамон, таҳкими пояҳои Истиқлолияти миллӣ, баҳамоии сокинони Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ бедареғ заҳмат мекашанд, ба тасвир овардаанд.
Мавридизикр аст, робитаҳои адабӣ ва тарҷума ба қаробати халқу кишварҳо мусоидат намуда, низ амалҳои ваҳдатофари адабиётанд. Дар панҷсолаи охир ин амал эҳё шуд ва дар як муддати кўтоҳ баёзҳои назму насри адибони Беларус, Туркманистон, Қазоқистон, Арманистон бо забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр гардиданд.
Аз шарофати Ваҳдати миллӣ сафарҳои кориву эҷодӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳои адабӣ бо кишварҳои дуру наздик нақши муҳим пайдо карданд. Як қатор адибони мо дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод ва берун аз он дар ҳамоишҳои адабӣ, намоиши китобҳо, симпозиуму конференсияҳои байнамилалӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Ин сафарҳо дар гузоришу сафарномаҳои муаллифон тавассути нашрияҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон инъикос ёфтанд.
Куллан ба ҳусни тафоҳум ва сулҳу якдигарфаҳмӣ расидан ҷараёни мураккабест ва ҳар қадар бо он ҳама мураббӣ ва умқу паҳнояш ба тасвири равониву ахлоқӣ кашида бишавад, аҳамияташ ҳамон андоза бештар гардида, моҳияти адабӣ ва тарбиявию маърифатиаш меафзояд.
Расидан ба сулҳу ваҳдат нишони он буд, кимардуми мо аз нав ба суннатҳои қадимии инсондўстонаи худ баргаштанд, зеро солимназарӣ ва дар сулҳу оромӣ зистан хиради азалии халқи тоҷик будааст. Дарки хато ва ба ислоҳи он кўшидан низ нишонаи хирадмандӣ ва шоистаи тавсифу арҷгузорист. Ин нуқтаро адибони мо дарк кардаву ба инъикосаш кўшидаанд.
Ҷўраева М., Бобоева З