Нақшаҳои бади хоинони миллат ҳеч гох амалӣ нахоҳад гашт

Хоини миллат шахсе аст, ки дар Ватан ба воя мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад. Муҳиддин Кабири, ки сардори ташкилоти террористӣ ва экстремитӣ бо ном Ҳизби назҳати исломӣ мебошад, ки ин гуна шахсиятҳо ҳар гунна игвоангезӣ, хунрезӣ ва амалҳои ваҳшиёнаи инсониро доро мебошанд.

Ин афрод мехоханд, ки бо суханҳои дурӯғи худ миллати тоҷикро дар назди башар шарманда намояду худашро бошад сафед. Ин душманони дини мубини ислом аз эътикоду динии мардум истифода бурда тавассути ТЭТ ҲНИ мехоҳан дар минтака вазъӣ сиёсии кишварро нооромсохта ба ниятҳои нопоки худ расанд.

Ин хоинони миллати точик бояд ба ҳар як ҷиночти содир кардаашон ҷавобгарӣ кашида шавад. Солхои 1992 то солхои 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи даҳшатангез хунин руҳ дода буд. Дар ин ҷангӣ бародаркуш садҳоҳазор нафар одамони бегуноҳ ҷони худро барои хоинони миллати тоҷик бохтаанд, ки имруз боз дар хориҷи мамлакат истода бар зидди давлати худ силоҳ бардоштаву сиёҳкориҳоро идома дода истодаанд.

ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мардумро фиреб дода танҳо манфиати худро мегўяд. Барои ӯ давлат миллат ё ки ҳаёти инсон арзише надорад танҳо ба хотири фойда ба даст овардан кору фаъолият бурда истодааст.

Лекин ин хоинони миллат ба максад намерасанд зеро, ки имруз бо роҳбарии Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони мо тинчу ором ва рўз ба рўз ободу зебо гашта истодааст.

Мо мардуми кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, пайваста бар муқобили ин гуна шахсони қонуншикани ҷомеа мубориза мебарем. Нақшаҳои баде, кихоиноимиллатдорандҳечгохамалӣнахоҳадгашт. Мо низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ