​Нақш ва мавқеи бонувон дар ҷомеа

Бо ташаббуси устодони кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физикаи факултети физикаю техника дар хобгоҳи №3 таҳти унвони “Мақоми зан дар ҷомеа” чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд.

Ба кори чорабинӣ Парвиз Пулотов ҳусни оғоз бахшида, доир ба мақом ва мавқеи бонунвон дар ҷомеаи ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асоси дошт ва дорад. Зеро иффату зебои, фурутаниву маърифатноки хоси зан буда, бо зиндагии аҳли башар таровату покизагӣ мебахшад.

Сипас, аз тарафи устодони кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар суханрониҳои шуд.

Баъдан, донишҷӯён бо қироати шеъру суруд ва саҳнаҳои тарбиявӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ