Найрангҳои наҳзатиҳо ва давлати дунявӣ

Дар замони муосир нисбати маҳкуми масъалаҳои муҳим ва пурпечутоби сиёсӣ-иҷтимоӣ ба монанди экстремизм ва терроризм, ки солҳои охир таъсири манфии он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла, Тоҷикистон назаррас аст, бетараф будани шаҳрвандон бешарафист. Ҷавонон имрўз бояд дуруст дарк намоянд, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ягона мебошад. Ба ҳар як шаҳрванди мамлакати мо ҳуқуқи озодонаи интихоби дин, ширкат дар маросимҳои динӣ дода шудааст. Демократия волотарин дастоварди инсонӣ буда, низоми идоракунии муосир бо риояи мутлақи арзишҳои демократия, ки мутобиқи нишондодҳои динӣ ва татбиқгари хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аз қабилӣ раиятпарварӣ, адолатнокӣ, ватанпарастӣ, шуҷоатнокӣ, ростқавлӣ, поквиҷдонӣ, мулоҳизакорӣ, озодандешӣ, гуногунақоидӣ мебошад, ба роҳ монда мешавад. Аз ин рў, аксари мамолики олам режими сиёсии демократиро вобаста ба волотарин арзишҳояш ҷонибдорӣ намудаанд.

Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Дунявияти давлатдории Тоҷикистон вобаста ба тафаккуру ақидоти аҳли маскуни он дар давраи Истиқлол махсусиятҳои сиёсӣ-иҷтимоии дохилии хосеро ба худ касб кардааст.Бо вуҷуди комилан ҷудо будани давлатдорӣ аз дину диёнат, эҳтироми баланди сиёсатмадорони имрўза, қонунгузории дохилӣнисбат ба эътиқодоти инфиродӣ назаррас ва ба пуррагӣ мушоҳида мешавад. Чунин раванди тозаро мардум хуб дарк намудаанд ва аз найрангҳои ТЭТ ҲНИ пухта шудаанд. Умед бар он дорем, ки дигар ба доми ҳиллаҳои ин хоинони давлат кашида намешаванд. Зеро дар ҷаҳони муосир рўз то рўз гузариш аз низоми авторитарӣ ва тотолитарӣ ба демократӣ бештар ба чашм мерасад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки демократия дар ташаккули ҷомеаи муосир манфиати бештар дорад. Барои иштирок дар ҳаёти динӣ муҳим нест, ки пайравони хоинони Ватан ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Алим Шерзамонов ва дигарон гардида, мафкураи созандаи худро заҳролуд ва омехтаи ҳадафҳои нопоки онҳо гардонем. Мо дар кишвари дунявию демократӣ ҳуқуқи озодонаи интихоби динро дорем ва намегузорем, ки сохтори сиёсии Тоҷикистон ба таҳаввулот дучор гардад. Бинобар ин, бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватанамон дар умқи қалби хеш ҳадафи ягона-таъмини Ваҳдати миллиро парварида, ҳамдилонаву устуворона ба сўи он қадам мегузорем.

Озодандеш

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ