​Мужда: Ҷоми Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол насиби дастаи донишгоҳ гардид

Ҷоми Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол, ки миёни муассисаҳои олии касбӣ ҷараён дошт, насиби дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Ин дастовард барои дастаи донишгоҳ дар натиҷаи шикаст додани як қатор дастаҳои рақиб насиб гардид.

Дастаи варзишгардухтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ниҳоии Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ низ, ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон доир гардид, маҳорати баланд нишон дода, ҳамакнун сазовори Ҷоми мусобиқа гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи донишгоҳ барои ба даст овардани Ҷом бо дастаи ВМКБ қувваозмоӣ намуда, қаблан мусобиқа миёни дастаҳои Хатлон-2, Хатлон-1 ва Душанбе - 2 низ ба фоидаи дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров анҷом пазируфт.

Ҳамакнун дастаи волейболбозон аз ҳисоби духтарон, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро намояндагӣ намуданд, бо ба даст овардани натиҷаи баландтарин дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро соҳиб ва сазовори Ҷоми мусобиқа гардиданд.

P.s. Ҷомеаи меҳнатӣ аз ин дастоварди варзишгардухтарони донишгоҳ хушнуд буда, ин пирӯзиро барои ҳар як аъзои даста табрик мегӯянд.

Дар роҳи расидан ба музаффариятҳои боз ҳам арзандатар ба варзишгарон, ки ифтихору шарафи донишгоҳ ҳастанд, тавфиқи пайваста ва комёбиҳои шоиста таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ