Мужда: 18 нафар донишҷӯён стипендияи Президентиро сазовор шуданд

18 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ниҳоии озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб дониста шуданд. Гуфта мешавад, ки ин нишондиҳанда миёни муассисаҳои олии касбии мамлакат аз ҳама бештар мебошад. Дар ин бора ба Маркази иттилоот ва таҳлил Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттилоъ дод.

Ба маълумоти мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, озмун дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфта, пирӯз шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳама нишондиҳандаи баландро дар ин озмун миёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултети филологияи рус соҳиб шуда, 3 нафар донишҷӯён аз ин факултет ба даствоарди мазкур сазовор шуданд.

Ҳамин тавр, донишҷӯёни факултети филологияи рус – 3 нафар, факултетҳои забонҳои хориҷӣ, математика, таърих ва ҳуқуқ ва физика ва техника – 2 нафар, инчунин аз факултетҳои забонҳои шарқ, геоэкология ва туризм, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, иқтисодӣ, психология ва таҳсилоти то мактабӣ, филологияи тоҷик, биология ва химия – 1 нафар соҳиби Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли хониши 2021 – 2022 гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ