Мусобиқаи футбол: аз рақобат то ғолибият

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ба роҳ монда шудаанд, оғоз шуданд.

Мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди футбол миёни устодону кормандони факултетҳои донишгоҳ ташкил гардида, дастаҳои бозингарон бо навбат сабқат доранд.

Танҳо давоми рӯзи гузашта мусобиқаи футбол бо иштироки ҳайати бозингарони шаш факултет ҷараён гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дастаи бозингарони факултети математика бо дастаи физика-техника сабқат намуда, бозӣ бо натиҷаи 7 бар 1 ба манфиати дастаи математика анҷом пазируфт.

Бо задани се гол ба дарвозаи дастаи рақиб факултети биология ва химия факултети таърих ва ҳуқуқро шикаст дод.

Айнан бо чунин натиҷаи 3 бар 1 дастаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бозингарони филологияи русро мағлуб намуда, пирӯзӣ ба даст овард.

Чуноне мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов гуфт, идомаи сабқат миёни дастаҳои дигар факултетҳо имрӯз низ ҷараён мегирад.

Гуфта мешавад, ки бозӣ миёни дастаҳо хеле ҳам шавқовар ҷараён гирифта, рақобат бо шиддат идома дорад.

“Ҳадаф аз ин ташаббус ва ҷалби устодону кормандони донишгоҳ ба мусобиқаҳои варзишӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи солимӣ ва таъмини саломатии ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ, гузашта аз ин, ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарин унвон мешавад” – хотиррасон намуд Хайёмиддин Исмоилов.

Аз натиҷаҳои мусобиқа миёни дастаҳои дигар дар гузоришҳои оянда иттилоъ хоҳем дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ