Мусалмонони беимон
Пас аз тамошои навори муроҷиатии як гурӯҳ "мусалмонони" қирғиз нисбат ба мардуми тоҷик ва тамоми Осиёи Марказӣ бармеояд, ки гуё мардуми Қирғизистон тарафдори сулҳу субот ҳастанд ва аз тоҷикон низ сулҳро талаб мекунанд. Дуруст аст, ки ҳама чиз аз сулҳу оромӣ сарчашма мегирад, ҳам тараққиёти кишвар ва ҳам зиндагии осудаи мардум. Албатта, ҳама мехоҳад, ки дар давлати худ оромӣ, сулҳу субот ҳукмрон бошад, барои ҳамин ҳам сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали раҳбарии худкӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки сулҳу оромӣ дар кишварамон дар мадди аввал истад. Дар тӯли 31 соли истиқлолият мардуми тоҷик ба корнамоиҳои ин марди хирад, ҷасур, ватанпарасту фидоии миллат қоил гаштаву ӯро ҳамчун падари миллат шинохтааст. Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки нисбати Падари хеш чунин суханҳои бемаънӣ гуфта шаванд.
Боиси баррасӣ аст, ки мо,тоҷикон ҷангро оғоз накардаем ва таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик бар зидди ягон халқу миллат силоҳ накашидааст.Марди тоҷик барои ҳимояи марзу буми кишварамон, барои чандин кӯдакони бегуноҳе, ки бесабаб ҷон додаанд,маҷбур шудсилоҳ ба даст гирад.
Мо тоҷикон шукргузор ҳастем,ки дар дохили давлати мо якдигарфаҳмӣва сулҳу оромӣ ҳукмрон аст ва тайи солҳои тӯлонӣ норозигӣ, зиддияту нофаҳмӣ дар дохили кишвар дида намешавад, вале барои халқи ҳамсояин чиз бегона аст. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар 10 соли охир10 Президентиваз шудааст, ки ин худ гувоҳи ноаҳлӣ ва муҳити ноором аст. Ҳама мардуми ҷаҳон медонанд, ки Президенти кунунӣ ва раиси КМАД-и Қирғизистон ба маҳкама кашида шудаанд ва онҳо вайронкунандагони қонун ҳастанд. Пас худ қазоват кунед, ки аз онҳое ки худ хилофи қонун амал мекунанд, чӣ тавр роҳбариро интизор шуд. Онҳо мардумро танҳо ба сӯи зулмот ҳидоят мекунанд.
Илова бар ин таърих шоҳид аст, ки соли 2010 мардуми бегуноҳи Ӯзбекистондар рӯзи ҷумъа, дар масҷид аз тарафи қирғиз як ба як кушта шуданд. Оё ин аст оини мусалмонӣ? Он вақт "мусалмонтарошон" - и қирғиз куҷо буданд? Ҳолобошад, онҳо даъвои мусалмонӣ мекунанд ва гуноҳ будани куштори мусалмононротаъкид кардаистодаанд.
Бори дигар гуфтан ҷоиз аст, ки мо тоҷикон ҷангро оғоз накардем, мо тарафдори ҷанг набудем ва нестем. Мардуми тоҷик ҳамеша ояндабину ояндасоз аст ва намегузорад,ки нисбати халқу миллаташ ва Сарвараш ноадолативу ноҳурматӣ роҳ дода шавад.
Аҳли ҷомеаи кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ