​Муҳокимаи масоили ҳифзи солимӣ дар доираи семинар

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ низ ҷиҳати мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар доираи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди вируси норасоии масъунияти бадани одам семинар баргузор гардид.

Дар семинари мазкур сабабҳои пайдоиши ВНМО, роҳҳои гузариши вирус, усулҳои табобати он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки чунин чорабиниҳо дар доираи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди вируси норасоии масъунияти бадани одам дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ҷараён дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ