​Муҳокима ва баррасии соатҳои тарбиявии таҷрибаомӯзон

Донишҷӯёни курси 4- уми факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷрибаи педагогии хешро дар гимназияи рақами 24-и шаҳри Хуҷанд бомуваффақият гузаронида истодаанд.

Таҷрибаомӯзон дар баробари дарс гузаштан аз фанҳои математика ва геометрия вазифаи роҳбарии синфиро дар синфҳои 8 - 11 бар дӯш доранд. Таҷрибаомӯзон – донишҷӯён Нилуфар Ваҳҳобова, Сарвиноз Азизова, Рухшона Раҳимова, Гулмира Одинаева ва Элёр Аҳмадқулов дарсҳои соатҳои тарбиявиро таҳти сарварии роҳбар-педагог Аҳрорҷон Убайдуллоев дар мавзуъҳои Ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон - Ватани азизи ман, Нон бувад чун ҷони одам, Иҷлосияи тақдирсоз хеле пурмазмун ва дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор намуданд. Умед меравад ки донишҷӯён дар оянда ҳамчун омӯзгорони асил дар тарбияи наслҳои маънаввибунёд, ватандӯсту хештаншинос саҳм хоҳанд гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ