Муносиби Пешвои худ бошем!
Ҳаёти ҷомеаи пуртаззоду мураккаб ҷараён мегирадуфарди алоҳида ба мавқеи устувору пешаи созанда бояд масъулиятихеш иҷро намояд. Намунаи ибрат барои мардуми кишвари соҳибистиқлолашон ва ҳам фардҳои солимақли олам заҳмату талошҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аксарияти мардум пайравӣ менамоянду меҳри ватандорӣ ва садоқат ба Пешвои сулҳофарро дар самимиқалб мепарваранд. Вале, дар ҷомеаи Тоҷикистони биҳиштосо нафароне ҳаёт ба сар мебаранд, дар симо бо ҷомеа пайванданду дар қалб ноустуворанд.Ин тоифаи беиродаву тарсӯ аз мушкилотҳои мавҷудаи ҷомеаи имрӯза ҳаросида бо сабаби дарк карда натавонистани воқеияти хол андешаҳои ҳӯрдагирона баён менамоянд.
Мушкилоти таъминоти нерӯи барқ дар фасли зимистон, болоравии нархи баъзе махсулотҳои ҳӯрока, нооромиҳо дар сарҳадоти давлатӣ ва ҳодисаҳои дигаре ҳаётиҷомеаи муосирро баъзе шаҳрвандон сабаби касодии давлатдорӣ маънидод карда дар доираи оилаи алоҳида, гурӯҳи муайяне эродҳоро баён менамояд. Чунин мешуморам, киин тоифа ақлу тамизи тахлилу муқоиса надоранду нишонаи иллати бемории ифротгароӣ ҳастанд. Вагарна, онҳо мебоист боре ҳамаи мушкилотҳои дучор омадаашонро дар муқоиса бо ҳаёти 10-15 солҳои қаблӣ, ҷомеаи давлатҳои дигар баҳо медоданд. Баъд, дарк мекардаанд, ки шукронаи сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ бояд кунанду баҳри рафъи мушкилотҳо талошварзанд. Агар аз кӯшишу ғайрати ҷомеа аз канор тамошою баҳодиҳӣ кунанд, чӣтавр онҳоро узви ҷомеа шуморид. Амсоли кӯррӯдаи организми ҷомеа ҳастанду мебояд ҷарроҳ онро бурида ҷомеаро аз ин манбаи фасод тоза намояд.
Ҷарроҳи воқеии ҷомеанафароне мебошанд,ки бо иродаи қавӣ, садоқату самимияти қалб пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бинобар ин, зарур мешуморам, ки бо тоифаи тарсӯёни беиродаи ҷомеаи солимандеши мо тавассути тарғиби воқеии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мубориза барад. Агар, худи онон қобилияти дарки масъулият, таҳлилу муқоисаи воқеиятро надоранд, пас фардҳои солимақли ҷомеа бояд ба онҳо ҳақиқати ҳолро фаҳмонанд.
Куҷоед фаъолону аминҳои маҳалла, имомхатибҳои масоҷид, рӯшанфикрону афроди озодандеш?! Даъват менамоям, ки якҷоя бошему бо сарҷамъӣ баъзе афроди ношукри носипосро аз роҳи каҷу андешаҳои носазобоздорем. Зеро, баҳри пойдории сулҳу субот, ороми ҷомеа назди Пешвои муаззами худ – виҷдони миллат масъулему ӯҳдадор!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”