Муносибатҳои ҳамсоядорӣ

Гуфтан ҷоиз аст, ки пешравии ҷомеа аз як ҷиҳат ба созишу оромии муносибатҳои ҳамсоядавлатон вобастагии зичу ногусастанӣ дорад ва ин барҳақ мебошад.

Бе ҷиз сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушод ном надорад. Мо ҳамеша тайёр ба он ҳастем, ки бо дигар кишварҳои рӯи олам ва аз он ҷумла бо давлатҳои Осиёи Марказӣ робитаҳои бисёрҷабҳаи дӯстона дошта бошем.

Дар расонаҳои гуногуни васоити ахбори омма хабари халалдор гардонидани оромии сарҳад аз тарафи сарҳадбони Қирғизистон ва кушодани оташ ва эълони бардурӯғи ҷанг сару садоҳо медиҳад, ки ин воқеан асос надорад.

Ҳар яки мо медонем, ки аз рӯзи ташкили давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон, кӯшиш ба он додаст, ки сулҳу субот ва оромии минтақа пойдор бошад.

Барои манфиатҳои ғаразонаи худ ва хоҷагони хориҷиашон сарҳадбонони давлати ҳамсоя ба мардуми наздисарҳадии Тоҷикистон зарарҳои моддиву маънавӣ ва ҳатто талофоти ҷониро низ расонида аз амалҳои нафратоварашон шарм ҳам надоранд.

Онҳо набояд аз таҳаммулпазирӣ ва инсонсолории ҷониби Тоҷикистон истифода баранд ва баҳри расидан ба мақсадҳои торики худ амал намоянд, зеро ҳар як амал аксуламали худро дорад!

Муноқишаву дасисабозиҳои онҳо натанҳо бо ҷониби Тоҷикистон балки бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла бо давлати Ӯзбекистон ба назар мерасад.

Аз азал дар халқияти мо ҳурмату эҳтироми ҳамсоя воло гузошта шуда, дар ҳамин замина насли наврас таълиму тарбия дода мешавад. Мо тоҷикон тарафдори оромиву осоиштагии минтақа ва ҷаҳон ҳастем ва ҳамеша чунин хоҳем монд.

Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ