​Мулоқоти се насл: хотираҳо аз таҳсилу фаъолият дар донишгоҳ

Дар Арт-Галереяи “Монӣ”-и факултети санъати тасвирӣ ва технология вохӯрии се насл доир гардид. Ин ташаббус ба муносибати 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом иштирокчиёни мулоқотро ба муносибати рӯйдодҳои таърихӣ табрик гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 дар ҳаёти факултети санъати тасвирӣ ва технология соли таърихӣ ва хотирмон аст. Зеро дар баробари 90 солагии донишгоҳ, инчунин аз таъсисёбии факултети санъати тасвирӣ ва технология 55 сол пур шуда, аз маросими аввалин хатмкунандагони факултет 50 сол сипарӣ гардид.

Гуфта шуд, ки тавъам омадани 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо силсилаи рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи нек аст.

Ректори донишгоҳ дар бораи таърихи таъсис ва ташаккули донишгоҳ сухан намуда, аз заҳмату хидмати шахсиятҳои соҳибнуфуз, устодони асил ва ҷомеаи меҳнатӣ дар самти таъмини пешрафти равандҳои фаъолияти донишгоҳ таъкид намуд.

Дар идома намояндагони се насли донишгоҳ баромад намуда, хотироту таассуроти худро аз таҳсилу фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иброз доштанд.

Ҳасанов Салимбой, профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ, ки аввалин хатмкунандаи факултети санъати тасвирӣ ва технология дар соли 1972 маҳсуб меёбад, дар мавриди нақши донишгоҳ дар тарбияи кадрҳои лаёқатманду мутахассисони ҳирфаӣ баромад намуд.

Ҳамзамон, намояндаи насли миёнсоли факултет дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он Дадобоева Муҳаррам ва аз насли ҷавони факултет Шерзод Азизов, дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим аз хотироти худ дар раванди таҳсил дар донишгоҳ ёдовар шуда, хидмати устодонро дар таъмини пешрафти соҳаи илму маориф зикр доштанд.

Тибқи барнома маҳфили “Одоби ҳамида” доир гардид, ки ба ҷамъомад мазмуни бештар эҳдо намуд.

Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии се насл тибқи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ таҳти унвони “90 рӯзи комгорӣ ва саодат” ба муносибати 90 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуда, дар тамоми факултетҳои донишгоҳ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ